Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 November 2014

 

14 ноябри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия ва пешгирӣ аз болоравии нархҳо, доир гашт.

Дар ҷаласа қарор гардид, ки ҷиҳати пешгирии болоравии нарх дар бозори истеъмолӣ, таъсиррасонии ҳаҷониба алайҳи фаъолияти монополистии шахсони воқеию ҳуқуқии хизматрасон, аз байн бурдани субъектҳои миёнарав дар интиқоли молу маҳсулот тибқи муқаррароти ҷойдошта дар шаҳр аз ҷониби сохторҳои масъули давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Бо ин мақсад дастур гашт, ки захираҳои маъмурияти бозорҳои коммуналӣ ба савдо гузошташуда, интиқоли ҳамарӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ бевосита аз ҷониби директорони корхонаҳои воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Қарияи боло» ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз ноҳияҳои кишоварзии ҷумҳурӣ таъмин ва шуруъ аз 15 ноябри соли 2014 ҳамарӯза дар Муассисаи давлатии «Маҷмаии савдо Пойтахт-90» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишварзӣ доир карда шавад.

 Гузашта аз ин Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф карда шуд, ки  ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»  маблағҳои зарурии бефоизро аз буҷети шаҳр ҷудо намояд.

Дар самти иҷрои ин муқаррарот пешбурди назорат ва роҳандозии ҳамкориҳо ба зиммаи роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  комиссияҳои ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ вогузор карда шуд.

Ҳамзамон, Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута таҳлилу ояндабинии ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро дар  шаҳр анҷом дода, дар доираи ваколатҳои шӯъбаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ хилофи нуфузёбии субъектҳои монополистӣ дар бозори хизматрасониҳои шаҳр тадбирҳои муассир андешанд.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторию хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва риояи интизоми меҳнат дар дастгоҳу сохторҳои шаҳрӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдор қарор гирифта, ба масъулин  дастуру супоришоти мушаххас ироа карда шуданд.