Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 November 2014

17 ноябри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, қабл аз ҳама роҷеъ ба ҳолати амалишавии тадбирҳои роҳандозишуда ҷиҳати ғановати бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалияву пешгирӣ аз болоравии нархҳо ва омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гашт.

Бо натиҷагирӣ ва зери назорати ҳамарӯза қарор додани ҷараёни ғанӣ гардонидании бозори истеъмолӣ ва ташкили ярмакаҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи директори корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони мақомоти марбутаро оиди иҷрои якмароми муқаррароти шаҳрдорӣ нигаронида, дастур фармуд, ки тамоми потенсиали мавҷуда баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шаҳр ва роҳ надодан ба таври стихиявӣ болобарии нархҳо дар бозорҳои коммуналӣ ва шахсии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда равона карда шавад.

Гузашта аз ин, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф карда шуд, ки  тибқи тартиби муқарраргардида ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳр, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, баҳри пешгирии болоравии нархҳои молҳои ниёзи аввалия ҷиҳати дахолати молӣ оиди харидорию пешниҳодоти номгӯи молҳои алоҳида маблағҳои зарурии бефоизро дар давоми соли молиявӣ аз буҷети шаҳр ҷудо намояд.

Бо дахли масоили омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ  таъкид сохт, ки дар доираи иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе № 91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои  марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»  фаъолияти анҷомдодаи тамоми сохторҳои зидахли хизматрасон  мавриди санҷишу таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шавад, то дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе нисбати ҳар кадоме аз масъулин чораҳои дахлдор роҳандозӣ гардад. 

Дар идома бар он таваҷҷуҳи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои муҳандисии шаҳрро ба он ҷалб намуд, ки вобаста аз имкониятҳои истеҳсоли нерӯи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва нақшаи фарогирии гармитаъминкунӣ дар мавсим омодагии бинову иншоотро барои қабули гармӣ  таъмин намоянд.

Дар иртибот ба ҳолати роҳҳо, ҷараёни корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири онҳо, танзими хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр аз фаъолияти сарпарасти соҳа – муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. изҳори нигаронӣ намуда, дастур фармуд, ки баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешад.