Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 November 2014

Қарори  раиси шаҲри Душанбе №545 аз 11 ноябри  соли 2014

 

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи

 маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе оид ба

таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ  таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

 

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2.      Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикргардидаро таъмин намоянд.

3.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Ҷурахонов С.Қ.), Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёни чорабиниҳоро таъмин созанд.

4.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А.   гузошта шавад.

                                                                                                                                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ