Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 November 2014

21 ноябри соли 2014 Иҷлосияи бистуми Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   дар  толори   Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт»  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, субъектҳои хизматрасонӣ, соҳибкорӣ, институтҳои шаҳрвандию кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони васеи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида:

- ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  №183 – 18 аз 24 апрели соли 2014 «Оиди тасдиқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №91-1 аз 1 апрели соли 2014 «Дар бораи тадбирҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, соҳаҳою сохторҳои марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»;

- ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои буҷет, муқаррар намудани андозу пардохтҳои маҳаллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ Рауфӣ А. дар бораи рафти иҷрои  Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №27-3 аз 23 сентябри   соли 2010  «Дар бораи чораҳо оид ба ҳифз, нигаҳдошт ва  истифодаи  самараноки  моликияти  коммуналии  дар  ҳудуди корхонаҳои воҳиди давлатии бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Саховат»-и шаҳри Душанбе»;

 - дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №175-17 аз 19 декабри соли 2013 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оиди иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт барои соли 2014 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012»;

- дар бораи гузаронидани иншооти моликияти коммуналии шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, 34 ба моликияти ҷумҳуриявӣ;

- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №57 Юсупов Б. Н. оид ба иҷрои ваколатҳои худ;

         -  дар бораи  ба кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ додани мақоми хиёбон;

- дар бораи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ номгузорӣ намудани хиёбон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино;

- дар бораи  номивазкунии кeчаи Пугачеви шаҳри Душанбе;

-  дар бораи  номивазкунии кeчаи Лиза Чайкинаи  шаҳри Душанбе;

-  дар бораи  номивазкунии кeчаи Менжинскийи  шаҳри Душанбе;

- дар бораи номгузорb намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 шаҳри Душанбе;

- дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №12;

- дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №29 ва дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, шуруъ намуданд.

 Зимни баррасии масъалаи аввали рӯзнома, ки муҳокимарониҳо бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигӣ сурат гирифт, таъкид гашт, ки чун ҳамасола, проблемаи зиёдшавии талабот ба нерӯи барқ бо саршавии оғози сармо ва инчунин набудани дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла гази табиӣ, ба сербории фаъолияти системаи барқтаъминкунии шаҳр оварда мерасонад. Соли ҷорӣ низ аввали моҳи ноябр истифодабарии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе аз 8-9 млн кВт. соат то 13-13,5 млн кВт.соат афзуд, ки ин ҳолат сабаби садама ва қатъшавии интиқоли қувваи барқ дар баъзе қисматҳои шаҳр гардид.

Умуман аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» аз 17 чорабиниҳои барои омодагӣ ба мавсим ба нақшагирифташуда, мутаассифона масъалаи ивази трансформатори қудратии тавоноии 16000кВА ба трансформатори қудратии тавоноиаш 25000кВА дар Зеристгоҳи «Баҳор-110/10кВ» (сатҳи иҷроиш – 50%),  сохтмони хатҳои нави барқии зеризаминӣ (ХБЗ-0,4 кВ) – 12,4 км  хатҳои барқии зеризаминӣ гузошта шуда, иҷроиш 69  фоиз ва  иваз намудани симчӯбҳои чӯбини фарсудашуда дар хатҳои барқии ҳавоӣ (ХБҲ-0,4-6-10 кВ) – 332 адад, иҷроиш 75 фоизро ташкил додааст.

            Вобаста ба ин, роҳбарияти корхона муваззаф карда шуд, ки дар ҳамбастагӣ бо сохтори ҷумҳуриявӣ – ШСХК «Барқи Тоҷик» ҷиҳати дар муҳлати боқимонда пурра таъмин намудани иҷрои чорабиниҳо дар ҳаҷмҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешад.

Дар соҳаи назорати энергетикӣ бошад, бо вуҷуди аз ҷониби Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе чорабиниҳои банақшагирифташуда дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонида шудан, то ба ҳол дар самти роҳандозии истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва таъминоти муштариён бо шиддати меъёрии  барқ  камбудиҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд, ки боиси нигаронии муштариён ва поймолкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон гардидааст.

Дар соҳаи гармитаъминкунӣ, то имрӯз аз ҷониби Ширкати саҳҳомии шакли кушоди «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» тибқи нақша таъмири ҷории дегҳои буғии №5,6,8,9, инчунин 2 адад дегҳои обгармкунии ПТВМ-30 №1,2, 30 адад пумбаҳои технологӣ, 4 адад бойлерҳои обгармкунӣ ва турбоагрегати №6 ба анҷом расонида шуд.

            Нисбати ба кор даровардани 2 адад деги обгармкунии КВГМ-35-150 бо истифодаи ангишти моеъи сунъии композитсионӣ дар дегхонаи «Ғарбӣ» қайд намудан зарур аст, ки дар иншоот корҳои омодасозии дегҳо дар сатҳи анҷомёбӣ қарор дошта, корҳои васл намудани хатти эҳтиётии таъминоти сӯзишворӣ дар асоси ангишти хока идома доранд.

            Гузаронидани корҳои гарминигоҳдорӣ дар таҷҳизотҳои теплотехникӣ ва хатҳои гармитаъминкунӣ, инчунин корҳо оиди пайвасти Маркази барқу гармидиҳии №2 бо хатҳои гармитаъминкунии Чап-1 ва  Чап-2 ба андозаи 3,63 км ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷониби корхона ҳамзамон корҳо оид ба таъмир ва иваз намудани 40 адад лукидонҳо дар хатҳои технологӣ ва хатҳои гармитаъминкунӣ ба анҷом расонида шуда, санҷиши  гидравликии 115 км қубурҳои оби гарм гузаронида шуд.

            Инчунин қайд гардид, ки вобаста ба фаъолияти муназзами корхонаи мазкур масъалаи таъминот бо сӯзишворӣ ташвишовар боқӣ мемонад, зеро ба ҳолати то 14 ноябри соли 2014 захираи мазут 9676 тоннаро ташкил менамояд, ки нисбати нақша (30000 тонна) ҳамагӣ  32,3%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша харидорӣ ва захира намудани 350000 тонна ангишт пешбинӣ гардидааст, аммо то 14 ноябр захираи ангишт 194999 тоннаро (55,7%) ташкил менамояд.

Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниву нақшаҳои тасдиқгардида то 1 ноябри соли ҷорӣ таъмири ҷории 23 адад (100 %) дегҳои гармидиҳиро иҷро намуда, ҳамзамон таъмири 20,7 км (100%) шабакаҳои гармидиҳандаро ба анҷом расонидааст, ки 98,6 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Дар ин давра корхона тибқи нақша таъмири 3 адад истгоҳҳои насоси бойлердор, таъмири 20 адад (100%) истгоҳҳои насосӣ, 1002 адад (100%) лукидонҳо (задвижка) ва 455 адад (99,3%) чоҳҳои амудиро ба анҷом расонидааст.

            Аз ҷониби корхона, вобаста ба иқтидорҳои пешбинишудаи гармиистеҳсолкунии манбаъҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» дар мавсими гармидиҳии пешоянд, бо нерӯи гармӣ таъмин намудани 815 иншоотҳои таъиноташон гуногун, аз ҷумла 634 биноҳои фонди манзил, 52 муассисаҳои соҳаи маориф, 21 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва 108 адад дигар корхонаву ташкилотҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҳолати то имрӯз, аз иншоотҳои банақшагирифташуда, 521 адад иншоотҳо пурра аз санҷиш гузаронида шуда, шиносномаҳои тайёрӣ дастрас намудаанд, аз ҷумла 438 адад биноҳои фонди манзил, 50 адад муассисаҳои соҳаи маориф, 17 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва 16 адад дигар корхонаву ташкилотҳо шиносномаи тайёрӣ дастрас намуда, дар боқимонда иншоотҳои банақшагирифташуда корҳои санҷиши гидравликӣ идома дорад. Ба ғайр аз он, аз 23 иншоотҳое, ки барои қабули гармӣ аз дегхонаҳои автономӣ пешбинӣ шудаанд, 22 иншоот шиносномаи тайёрӣ дастрас намудаанд.

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои муҳандисии шаҳрро ба он ҷалб намуд, ки вобаста аз имкониятҳои истеҳсоли нерӯи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва нақшаи фарогирии гармитаъминкунӣ дар мавсим омодагии бинову иншоотро барои қабули гармӣ  таъмин намуда, ҷуғрофияи иншооти  гармиқабулкунандаро тавассути воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ дастраси  сокинон намоянд.

Қайд гашт, ки дар мавсими пешорӯ аз ҳамаи манбаъҳои гармитавлидкунии ШСХК «Барқи Тоҷик» истеҳсоли танҳо 169 Гкал/соат нерӯи гармӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла дар Маркази барқу гармидиҳии №1 – 48,95 Гкал.соат, Маркази барқу гармидиҳии №2 – 53 Гкал/соат, дегхонаи «Ғарбӣ»-53,7 Гкал/соат ва дар дегхонаи «Шарқӣ» - 14 Гкал/соат, ки дар умум қариб 25 фоиз аз эҳтиёҷоти иншоотҳои пайваст ба шабакаи мутамарказ (680 Гкал/соат) ва ё худ 13 фоизи эҳтиёҷоти умумии шаҳрро ба гармӣ (қариб 1300 Гкал/соат) қонеъ мегардонаду халос.

Иҷлосия муқаррар намуд, ки минбаъд дар ҳудуди шаҳр татбиқи лоиҳаҳои сохтмонӣ бе инобати пешбинии пайвастшавӣ ба хатти гармии мутамарказ иҷозат дода нашавад.

Ҳамзамон  таъкид гардид, ки аз ҷониби КВД «Обу корези Душанбе» тибқи нақшаи омодагиҳо ба мавсим тамоми чорабиниҳои пешбинишуда дар муҳлатҳои муайянгардида ба итмом расонида шуда, тадбирҳо оиди ба навбат қатъ намудани фаъолияти Истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳр барои гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ моҳи ноябр амалӣ шуда истодаанд.

Дар самти равшанидиҳии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр» дар доираи омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 масъалаи сарфаҷӯии энергияи барқ ва роҳандозии фаъолияти мӯътадили системаи равшанидиҳии шаҳр таъмин гардида, чорабиниҳои ба нақшагирифташуда дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонида шуданд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар  муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ тадбирҳои ба нақшагирифташуда анҷом дода шуданд.

Гузашта аз ин, зикр гашт, ки дар соҳаи маориф тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида захираи ангишт 217,5 тонна (иҷроиш 100 %) ва захираи ҳезум 485 м3 (иҷроиш 101,1 %) -ро ташкил намуд.  Инчунин, дар муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр 194 адад генератор дар ҳолати корӣ омода карда шуда, барои дар ҳолати зарурӣ таъмини фаъолияти онҳо ҳангоми қатъи барқ 10685 литр (иҷроиш 110,3 %) сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Ба ғайр аз он, 4350 адад батареяҳои равғанӣ, 18 адад батареяҳои тенӣ, 596 адад печҳои ангиштӣ ва 262 адад кондитсионерҳои “гармо-сармо” барои фаъолият дар мавсими зимистон омода карда шудаанд.

Дар муассисаҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бошад, тибқи нақшаи тасдиқгардида 117 адад генераторҳо, 60 адад печҳои ангиштӣ, 88 адад солярогаз, 10 адад печҳои бо гази моеъ, 27 адад печҳои керосинӣ барои фаъолият дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 омода карда шудаанд. Инчунин, 54,7 тонна ангишт (нақша 50 тонна), 314 м3 ҳезум (нақша 110 м3) ва 7811 литр сӯзишворӣ (нақша 6417 литр) харидорӣ ва захира карда шудаанд. Ба ғайр аз ин, боз 319 адад кондитсионерҳои “гармо-сармо” дар муассисаҳои табобатӣ васл карда шуданд.

Дар муассисаҳои Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 45 м3 ҳезум захира карда шуд, ки нисбати нақша 121,6 фоизро ташкил менамояд. Ҳамзамон, захираи ангишт 13 тоннаро ташкил намуд, ки нисбати нақша (17 тонна) 76,5 фоиз мебошад.

Бояд зикр сохт, ки масъалаи ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр бо анвои маҳсулоти ниёзи аввалия, роҳандозии тадбирҳои таъхирнопазир алайҳи болоравии нархи маҳсулот баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ҳолати муросонопазири хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ  дар шаҳр ҳамчун мубрамтарин масоил баррасӣ гардида, ҷиҳати ислоҳи вазъ дастуру супоришоти мушаххас ироа гаштанд.

Новобаста аз корҳои омодагии анҷомгирифта, Раиси Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  фаъолияти муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе – сардори Ситоди шаҳрии омодагӣ ба зимистонгузаронӣ Н.Хайруллоев, муовинони Раиси шаҳри Душанбе Ҷ. Мансуров, Н. Ҳакимов ва Р.Қурбонова, раисони ноҳияҳои шаҳр З. Сафаров, С. Бобоев, А. Қурбонова ва С. Алиев ва роҳбарони сохторҳои муҳандисии марбутаи шаҳрро ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба ҳар кадоме то 20 декабри соли 2014 барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолият муҳлат муқаррар намуд.

Дар ин зимн Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  комиссияҳои ҷамъиятию институтҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ муваззаф карда шуданд, ки  назорати дахлдорро аз рӯи фаъолияти масъулини шаҳрдорию ноҳияҳо ва сохторҳои муҳандисию хизматрасонӣ дар роҳи иҷрои нақшаҳои омодагӣ ба мавсим пурзӯр намоянд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар фарҷоми иҷлосия роҳбарияти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрро баҳри анҷоми фаъолияти густурда нисбати  пешгирӣ ва муборизаи беамон бар зидди амалҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.

Дар иҷлосия вакилон зимни баррасиҳои амиқ нисбати дигар масъалаҳои матраҳшавандаи рӯзнома оид ба номгузории хиёбон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Сино ба номи  Абдураҳмони Ҷомӣ, кӯчаи Пугачёв ба номи Шариф Раҳимов, кӯчаи Лиза Чайкина ба номи Давлат Гадоев, кӯчаи Менжинский ба номи Солиҷон Боҳиров ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-ро ба номи Абдумалик Баҳорӣ номгузорӣ кардан қарорҳои дахлдор қабул намуданд.