Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 November 2014

24 ноябри  соли 2014

 соати 17 00

Ҳозирини гиромиқадр,

Дӯстони азизу арҷманд!

 

Ҷашни панҷумин солгарди Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо шаҳомати муттаҳидсозандаи худ дар боғи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро сарҷамъ кардааст, беш аз ҳарвақта водор менамояд, ки ҳар кадоми  мо бо мавқеи қавии сиёсӣ дар ҷомеа баҳри ободию пешрафти Ватани азизу маҳбубамон тавассути меҳнати аҳлонаю бунёдкоронаи ҳамарӯза  ҳиссагузор  бошем.

Парчами миллӣ яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ буда,  тавассути он истиқлолияти давлатӣ муаррифӣ мегардад.

Мо тоҷикистониён аз сабақҳои давлатдорӣ ва андешаҳои ҷовидонаи ниёгонамон ибрат гирифта, имрӯз ва оянда вазифадор ва масъулем,  ки бо итминон ба нерӯи худ зери парафшонии  Парчами давлати соҳибистиқлоламон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи аҳли ҷомеаро фароҳам оварем.

 Тавре ҳамагон хуб дарк менамоед баҳри ин меъёри конститутсионӣ, ки дар моддаи якуми он зикр гардидааст, ҳамарӯза аҳли ҷомеаи кишвар ва тамоми сохторҳои давлатӣ бо роҳбарии Сарвари давлат дар роҳи муваффақ гардидан ба ин ҳадафи бузург устуворона қадам мегузоранд. 

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, тибқи муқаррароти моддаи 3 Конститутсияи (Сарқонуни) кишварамон яке аз рамзҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаамон маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихиву тақдирсози   XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва имрӯз дар диёри арҷмандамон ва ҷаҳони муосир мақоми ба худ хосро доро гардидааст.

 Бо каноатмандӣ метавон иброз намуд, ки дар роҳи таблиғи босадоқат эҳтиромгузорӣ ба рамзҳои давлатдорӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки онҳоро татбиқи барномаҳои созанда ва меҳнати хастагинопазир баҳри расидан ба мароми ягона – зиндагии босуботу рушди муттасил тақвият мебахшад, сокинони шаҳр чун ҳамешагӣ хидмати арзандаро дар ин самт анҷом медиҳанд.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24-уми ноябр  сурат мегирад барои сокинони тамоми мамлакат беназир ва арзишманд мебошад. Ҳамасола сокинони пойтахтамон ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаву армуғонҳои меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин айёми ифтихорӣ бо эътимод ба дурахши безаволи Парчами давлатиямон ба хонадони ҳар кадоми Шумо хуррамиву осоиши рӯзгор, саодатмандӣ, фараҳмандӣ, шукуҳмандӣ ва эминӣ орзу менамоем.

       Бигзор, Парчами муҷалло ва ваҳдатпаёми истиқлолият дар қалби ҳар яки Шумову мо ва мову Шумо меҳри Ватанро афзунтар намояд ва ҳамчун ифодагару таҷассумкунандаи суботу озодии кишварамон муттасил парафшон бимонад.

        Рӯзи  Парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоламон ба ҳамагон муборак бошад!

Парчамат доимо ва абадан парафшон бод – Тоҷикистон - Ватани маҳбубу беназир ва диёри арҷманди мо!!!