Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 November 2014

 Қарори раиси шаҲри Душанбе №464 аз 08.10.2014

Дар бораи ҷамъбасти озмуни  «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе

       Дар доираи иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №94   аз   1-уми апрели соли 2014 “Дар бораи баргузории озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” бо мақсади қадргардонии дастовардҳои сомонаҳои инноватсионӣ, ки баҳри мусоидат ба ҳалли масъалаҳои мубрами шаҳрдорӣ нигаронида шудааст, бо дарназардошти Протоколи ҷаласаи Комиссияи озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» оид ба ҷамъбасти озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» аз 9 октябри соли 2014 таҳти №2, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Соҳиби ҷоизаи Гран-при (Шоҳҷоиза) «Беҳтарин сомонаи инноватсионии навраста (стартап)» лоиҳаҳои (стартап) Donishgoh.tj ва Dushanbe90.com ҳисобида шуда, ҳар яке аз  лоиҳаҳо бо  маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ  сарфароз гардонида шаванд.

2. Ғолиби озмун дар  номинатсияи “Беҳтарин сомонаи инноватсионии хизматрасониҳои давлатӣ”  сомонаи Dushanbemaorif.tj дониста шуда, бо  маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ  сарфароз гардонида шавад.

3.Ғолиби озмун дар  номинатсияи Беҳтарин сомонаи инноватсионии  иҷтимоӣ сомонаи Maktab.tj дониста шуда, бо  маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ  сарфароз гардонида шавад.

4. Ғолиби озмун дар  номинатсияи Беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкориҳои давлатӣ-хусусӣ (аутсорсинг)” сомонаи Tojkisoft.tj дониста шуда, бо  маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ  сарфароз гардонида шавад.

5. Ғолиби озмун дар  номинатсияи   Беҳтарин сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ” сомонаи Afisha-news.tj  дониста шуда, бо  маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ  сарфароз гардонида шавад.

6.Соҳиби ҷоизаи сомонаи инноватсионии «Сазовори таваҷҷӯҳи иштирокчиён» сомонаи Faster.tj дониста шуда, бо  маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ  сарфароз гардонида шавад.

7.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ҷиҳати иҷрои  Қарори Раиси шаҳри Душанбе №94   аз   1-уми апрели соли 2014 “Дар бораи баргузории озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” барои мукофотонидани ғолибони «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» тибқи ҳисобномаи хароҷот мувофиқи замимаи №1 ва рӯйхат мувофиқи замимаи №2 ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  32500 (сиву ду ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.

8. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

9.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н. Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ