Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 December 2014

1 декабри соли 2014 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, субъектҳои хоҷагидорӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҷаласа, дар радифи баррасии вусъати тадбирҳо бобати амалисозии барномаҳои тасдиқгардидаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли равон, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо баррасии амиқ таваҷҷуҳи масъулинро ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими пешорӯи зимистонгузаронӣ, аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ дар ҳолати корию омодабош нигоҳ доштани техникаҳои коммуналӣ барои барфрӯбӣ, захираи маводи инертӣ, вобаста аз имкониятҳои истеҳсоли нерӯи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва нақшаи фарогирии гармитаъминкунӣ дар мавсим омодасозии бинову иншоот барои қабули гармӣ, таъмини ҳолати санитарию экологии шаҳр ва барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ ва дар ин зимн истифодаи потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ, вазъи роҳҳо ва баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ѓанӣ гардонидани бозори истеъмолии шаҳр бо анвони маҳсулоти ниёзи аввалияву назорати иҷрои дастурҳои шаҳрдорӣ дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти бозорҳои коммуналию хусусӣ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ҷалб намуда, ба ҳар кадоме дастурҳои мушаххас ироа намуд.

Аз ҷумла, роҳбарияти бозорҳои коммуналию хусусӣ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе»-ро ҳушдор дод, ки то 10 декабри соли равон нақшаи захираи маводи озуқавориро барои мавсими зимистонгузоронӣ таъмин созанд ва сохторҳои прокуратураи шаҳрӣ аз натиҷаи фаъолияти анҷомдодаи субъектҳои зикргардида бо роҳандозии санҷиши мутақобила ба Раиси шаҳр ахбор манзур намоянд.

Барои пешгирии қоидавайронкуниҳо бобати дар ҷойҳои муқарраршуда партофтани партовҳои сахти маишӣ аз ҷониби шахсони хуқуқию воқеӣ Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанберо вазифадор кард, ки дар муҳлати як ҳафта дар тамоми нуқтаҳои партовҷамъкунии ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо овезаҳои иттилоотиро баҳри огоҳонии шаҳрвандон аз талаботи қонунгузорӣ ва муҷозоти пешбинишуда нисбати хилофкорон насб намуда, навбатдории ихтиёрони Раёсатро оид ба ҳифзи муҳити шаҳр ба роҳ монад.

Ҳамзамон таваҷҷӯҳи фаъолони шаҳрро барои дар мавсими пешорӯ сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ ҷалб намуда, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидории хизматрасонӣ тавсия дод, ки дар роҳи қонеъ намудани талаботи истеҳсолӣ аз сӯзишвориҳои алтернативӣ истифода баранд.

Инчунин, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ бобати камфаъолиятияшон бобати дар ҷаласаҳои васеи шаҳрдорӣ оид ба рафъи мушкилоти шаҳрвандон масъалагузорӣ накардан изҳори нигаронӣ намуда, даъват ба миён овард, ки ҳамчун баёнгари сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ дар ифодасозии пешниҳоду муроҷиати шаҳрвандон фаъол бошанд.

Дар ҷаласа ҳамзамон дигар масъалаҳои хоҷагидории шаҳр баррасӣ гардида, омодагии шаҳр ба истиқболи анъанавии Соли нави 2015 ва дар ин зимн ташкили кумакҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ ба категорияҳои ниёзманд матраҳ карда шуданд.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ карда шуданд.