Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 December 2014

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 514 аз  11 ноябри соли 2014

 

Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2014-2015»

 

Бо мақсади рушди муттасил, оммавӣ ва мукаммалгардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии шаҳрдорӣ баҳри ташаккули шахсияти солим, ҳифзу беҳдошти саломатии сокинон ва таъмини пайвастаи дастовардҳои беназири варзишгарони шаҳр дар миқёси ҷумҳурию байналмилалӣ, ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон №278 аз 2 июни соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба инобат гирифта шавад, ки бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №270 аз 29 майи соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» Қарори Раиси шаҳри Душанбе №565-1 аз 14 октябри соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2013» қабул карда шудааст.

2. Барномаи замимагардидаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2014-2015 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ  карда шаванд.

3. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барнома ва нақшаи мазкур муқаррар карда шуда, ҷиҳати иҷрои онҳо бо сохторҳои марбута ҳамкориро ба роҳ монад.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) ҳангоми таҳияи буҷети шаҳри Душанбе барои соли 2015 ҷиҳати  маблағгузории Нақшаи чорабиниҳои замимагардида маблағҳои зарурӣ пешбинӣ намояд.

5. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва дигар ташкилоту муассисаҳои алоқаманд барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои барнома тадбирҳои мушаххас андешанд.

    6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе  Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ

 

БАРНОМАИРУШДИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2015»

 

Нақшаи чорабиниҳо

оид ба амалигардонии «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва

варзиш  дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2014-2015»