«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 December 2014

Дар  бораи   даъват   намудани   иҷлосияи

           фаврии  бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи

           шаҳри Душанбе  даъвати  чорум

 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 7 ва10  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

         1.Иҷлосияи фаврии бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум 12 декабри соли 2014,  соати  1100, дар  толори  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

2.Ба рўзномаи иҷлосияи фаврии бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум  масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1.Оид ба муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

2.2.Дар бораи ташкили Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

         3.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Улмасов Ф.У. гузошта шавад.

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ