Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
12 December 2014

12 декабри соли 2014 дар  толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе   иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум   таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, намояндагони кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ширкат варзиданд.

Вакилон бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида:

- оид ба муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

-  дар бораи ташкили Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе;

- дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №175-17 аз 19 декабри соли 2013 «Дар бораи «Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оиди иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2013, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт барои соли 2014 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2012», шуруъ намуданд.

Дар иҷлосия Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор намуд, ки миқдори ҳавзаҳои интихобот барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 70 адад ва Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати 11 нафар ташкил карда шавад. 

Бояд зикр намуд, ки тибқи ин муқаррарот ба Комиссияи шаҳрии интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо пешниҳоди 8 ҳизбҳои сиёсӣ намояндагони ҳар кадоме аз онҳо ва се нафар собиқадорон  шомил гардиданд, ки раисии он ба зиммаи Раҳимова С.Ҳ. вогузор карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳайати Комиссияи мазкур даъват ба миён овард, ки баҳри таъмини волоияти қонун ва шаффофияти баргузории маъракаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе чораҳои судманд андешанд.

 Ҳамзамон дар иҷлосия нисбати дигар масъалаи рӯзнома вакилон қарори дахлдор қарор намуданд.