«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 December 2014

17 декабри соли 2014 Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ноиби президенти ширкати итолиёвии «Preston & Barbieri» ҷаноби Франческо Феррари- ғолиби озмуни байналхалқии эълоннамудаи шаҳрдорӣ оид ба дарёфти интихоби беҳтарин лоиҳа ва пудрадчии асосии иҷрои корҳо дар ҷодаи таҳияи ҳуҷчатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншооти сохтмонаш нотамоми «Аквапарк дар шаҳри Душанбе»-ро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳолати ҷараёни таҳияи ҳуҷчатҳои лоиҳавӣ – хароҷотии иншоотро аз ҷониби ширкати мазкур баррасӣнамуда, дар ин зимн бо таъкиди зарурати ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бо ин ширкат, қарор намуданд, ки  корҳои мутазаккира то 31 январи соли 2015 бобати омодасозии лоиҳаи кории иншоот ва ба экспертиза супоридани он, ба анҷом расонида шавад. 

 Дар идома бар он, ҷаноби Франческо Феррари зикр намуд, ки Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт», ки дар истеҳсол ва насби аттраксионҳои замонавии он ширкати «Preston & Barbieri» ҳамчун ғолиби озмуни байналхалқӣ иштирок варзидааст, яке аз боғҳои аз ҳама нигоҳ ҷавобгўи талаботи ҷаҳони муосир  буда, дар радифи дигар кишварҳои олам боғи мазкур муаррифгари муваффақи маҳсулоти ин ширкат мебошад.

Бо инобати он, ки ҳамасола миёни боғҳои аттраксионию фароғатӣ озмунҳои байналхалқӣ сурат мегирад ва ин навбат чунин озмун дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар соли 2015 баргузор хоҳад гардид, ҷаноби Франческо Феррари аз Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳиш намуд, ки бобати дар ин озмун пешниҳод намудани номзадии Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» розигӣ диҳад, ки бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.