Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 December 2014

19 декабри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастурхони солинавии сокинони шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гашт.

Дар иртибот ба ин аз ҷониби Раиси шаҳр муқаррар карда шуд, ки аз 21 то 31 декабри соли 2014 ҳамарӯза аз соати 9-00 дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт -90» аз ҳисоби Корхонаҳои воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Бозори Шоҳмансур», «Бозори  Саховат», «Бозори Деҳқон», «Бозори Қарияи боло» ва бозорҳои хусусии яклухтфурӯшии дар қаламрави шаҳр  фаъолиятдошта ярмаркаи махсулоти ниёзи аввалия бо инобати аз 15 то 30 %  аз нархҳои бозорӣ  арзон ба фурӯш гузоштани маҳсулот доир карда шавад.

Илова бар он дастур гашт, ки чунин ярмаркаҳо аз 27  то 31 декабри соли равон  аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ бо Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Қарияи боло» низ баргузор карда шавад.

Гузашта аз ин, дар ҷаласа қарор гардид, ки дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорони алоҳида низ имкон доранд дар ин сабқати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва дастурхони солинавии сокинон бо пешниҳоди аз 15 то 30 %  аз нархҳои бозорӣ  арзон маҳсулоташонро дар ҳудуди бозорҳои коммуналӣ ба фурӯш гузоранд. Баҳри дастгирии ингуна ташаббусҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ шаҳрдорӣ муқаррар сохт, ки тӯли баргузории ярмаркаҳо ҳар кадоми онҳо аз пардохти ҳаққи иҷора ва чинишҳои яквақтаи бозорӣ озод карда мешаванд.

Инчунин раисони ноҳияҳоро муваззаф сохт, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулкони бозорҳои хусусӣ дар таъмини чораҳои мутазаккира тадбирҳои мушаххас андешанд.

Зимнан, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе, Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати санитарию эпидемиологӣ, ветеринарӣ ва беҳдошти маҳсулоти кишоварзӣ ва чораҳои зиддисӯхториро дар бозорҳои  истеъмолии шаҳр пурзӯр созанд.

Раиси шаҳр ҳамзамон сохторҳои назорати давлатӣ ва комиссияҳои ҷамъиятиро  муваззаф кард, ки оид ба ташкилу таъмини ярмаркаҳои зикршуда бо маҳсулоти хушсифат аз ҷониби масъулини вобастагардида  назорати ҷамъиятиро роҳандозӣ намоянд.