Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 December 2014

Қарори раиси шаҲри Душанбе № 571-1 аз 11 декабри соли 2014

 

Дар бораи таҷлили Соли нави 2015 дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Соли нави 2015 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фарҳангу фароғатии идона барои сокинони шаҳри Душанбе, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

 Қарор мекунам:

 1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Соли нави 2015 тасдиқ карда шавад.

2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи шаҳрӣ:

- то 30 декабри соли ҷорӣ ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳоро ба анҷом расонида, дар рӯзҳои омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ фаъолияти муътадили соҳаҳо ва корхонаҳои системаи муҳандисии ҳаётан муҳимро таъмин намоянд;

- дар  ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 21 то 31 декабри соли 2014 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардумро баргузор созанд;

- дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, тамоми шароитҳои заруриро барои ташкили чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ ва фароғати сокинони пойтахт дар рӯзҳои ид фароҳам оварда, иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳоро таъмин намоянд;

- ба ниёзмандону собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳову барҷомонда, табақаҳои камбизоати аҳолӣ, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, хона - интернатҳо барои пиронсолону маъюбон ва ятимон, хонандагон аз оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, бобати аёдат ва ҳалли мушкилоти онҳо кӯмаки моддию маънавӣ расонанд.

3.     Шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Талбаков А.А.) барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

4.            Роҳбарии бадеии консерти идона бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ба зиммаи режиссёр-таҳиягар, директори кулли Муассисаи давлатии фарҳангу фароғатии «Пойтахт-80» Раҷабов Убайдулло вогузор шуда, муваззаф карда шавад, ки дар ҳамкориву ҳамоҳангӣ бо шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки беҳтарин санъаткорону мутахассисони касбиро дар баргузории чорабинии идона таъмин  намояд.

5.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри  Душанбе  (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳри Душанберо ба муносибати Соли нави 2015 таъмин намуда, доир ба таъмири  унсурҳои ороишии барқӣ, гузоштани конструксияҳои ороишӣ бо ливоҳои ранга чораҳои мушаххас андешанд.

6.     Роҳбарони идораҳо, корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе воқеъбуда, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, ороиши идонаи иморату иншоотҳои зертавозунро то 30 декабри соли 2014 ба анҷом расонанд.

7.     Аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда шавад, ки дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ талаботи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Маромномаи сокини пойтахт ва Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо қатъиян риоя намоянд.

8.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Ҷурахонзода С.Қ.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) дар рӯзҳои ташкил ва баргузории чорабиниҳо ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

9.     Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

 10.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

 

М.Убайдуллоев