Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 December 2014

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 578  аз 19 декабри соли  2014

        

Дар бораи ба тавозуни корхонаҳои коммуналии воҳиди

давлатии шаҳри Душанбе гузаронидани троллейбусҳои

тамғаи Тролза - 5275.03  “Пойтахт” ва  автобусҳои тамғаи

“ЛиАЗ - 525653” ва “ПАЗ-320402-05”

     

       Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи нақлиёт ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки он дар доираи Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025, инчунин ҷиҳати бо нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва автобусҳо таъмин намудани корхонаҳои хизматрасонии нақлиётии шаҳри Душанбе, ки аз иҷрои қарордодҳои басташудаи №04-ЭТ-05/13 ва №05-ЭТ-05/13 аз 16-уми августи соли 2013 байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тролза-Маркет»-и шаҳри Энгелси Федератсияи Россия ва иҷрои қарордоди басташудаи №52/04/05/2013 аз 25-уми декабри соли 2013 байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Русские Автобусы-Группа ГАЗ»-и Федератсияи Россия бармеоянд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон” 

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

     1. 15 (понздаҳ) адад троллейбуси воридгардидаи тамғаи Тролза 5275.03 “Пойтахт” ва 15 (понздаҳ) адад машинакомплекти троллейбуси тамғаи зикргардида, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед” насбу барқарор гардидаанд, дар маҷмӯъ 30 (сӣ) адад, тибқи борхати таҳвилии мол ба моликияти коммуналии шаҳр қабул ва барои истифодбарӣ ба тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе, дар асоси санади дахлдор, гузаронида шаванд.

     2. Тибқи борхатҳои таҳвилии мол ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе 50 (панҷоҳ) адад автобуси тамғаи “ЛиАЗ-525653”-и воридгардида қабул ва барои истифодбарӣ ба тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”, инчунин 25 (бисту панҷ) адад машинакомплекти автобусҳои тамғаи “ПАЗ-320402-05”, ки дар Корхонаи воҳиди давлатии “Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед” насбу барқарор гардидаанд, ба тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-2”-и шаҳри Душанбе 15 (понздаҳ) адад ва ба тавозуни Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-3”-и шаҳри Душанбе 10 (даҳ) адад дар асоси санадҳои дахлдор гузаронида шаванд.

    3. Барои супоридани нақлиёти ҷамъиятӣ ба тавозуни корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии нақлиётии шаҳри Душанбе, ки дар бандҳои 1 ва 2-и Қарори мазкур дарҷ гардидаанд, комиссия дар ҳайати зерин: Ҳакимов Н.Ҳ. -муовини Раиси шаҳри Душанбе, Исоқов М.С. -сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе, Кенҷаев Д.М. -сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, Саидов Ф.Ҳ.- директори Муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон”, Давлатов Ҷ. -директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”, Ёрова З.М.-директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-2”, Ҷалилов Р.Ҷ. -директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-3”, Алиев А.А. - директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Троллейбус” ва Алиев А.А. -директори Корхонаи воҳиди давлатии “Насби нақлиёти барқӣ (Троллейбус) ва велосипед” дар шаҳри Душанбе, таъсис дода шуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе санади дахлдор пешниҳод намоянд.

      4. Директорони корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-1”, “Автобус-2”, “Автобус-3” ва “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе истифодаи мақсадноки автобусу троллейбусҳои зикргар-дидаро тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ монанд.

    5. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе (Исоқов М.С.) ба маълумоти ҳисоботӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

   6. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

  7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

  8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад. 

                                                                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ