Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 December 2014

 

ҲИСОБОТИ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе  дар 11 моҳи соли 2014, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе

дар соли 2013»

(25 декабри соли 2014)

Вакилони муҳтарам!

Тибқи банди 21 моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҳисоботи худро оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе  дар 11 моҳи соли 2014, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013 ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва бо истифода аз имконоти коммуникатсионии муосир манзури аҳли ҷомеаамон гардонида, боварӣ дорам, ки дар баррасии он ва манзури пешниҳоду ташаббусҳои навини созанда баҳри тавсеа бахшидан ба фаъолияти  шаҳрдорӣ чун ҳамеша саҳмгузор хоҳед буд.

Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолияти худро дар  фазои «Соли  ташаббусҳои созанда ва масъулияти шаҳрвандӣ», ки бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе №1-9 аз 15 марти соли 2010 то соли 2015 тамдид шудааст ва як зумра қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Раиси шаҳри Душанбе, ки баҳри густариши равандҳои бунёдкорӣ ва дигаргунсозиҳои куллии инфрасохторӣ  нигаронида шудаанд, алалхусус дар доираи Қарори Маҷлиси вакилони халки шаҳри Душанбе № 75-8 аз 22 декабри соли 2011 «Дар бораи Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2011, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2012 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2010»  дар доираи “30 моҳи ободонӣ” ба ифтихори  90 - солагии мақоми пойтахти кишварро доро гардидани шаҳри Душанбе аз ҳисоби  ҳамаи  сарчашмаҳо беш  аз 4,8  миллиард  сомонӣ маблағҳоро аз худ намуда, фондҳои асосиро ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ дар бунёди 247 иншооти гуногунтаъинот равона намуда, бо таъсиси беш аз 74280 ҷойи нави корӣ, баҳри татбиқи барномаҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба хотири таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии шаҳр, инфраструктураи он, равнақи соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ сафарбар намуда, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ, ки мақсад аз он ба ҳар як сокини шаҳр фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона ба шумор меравад, тадбирҳои зарурӣ андешида, ба натиҷаҳои зайл муваффақ гардид:

 

НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ  ШАҲРИ ДУШАНБЕ дар солҳои 2005, 2010-2013 ва моҳҳои январ-ноябри солҳои 2013 ва 2014 (Дар асоси классификатори намудҳои фаъолияти иқтисодии байналмиллалӣ (ТУНФИ) тартиб дода шудааст

Матни пурраи Ҳисобот дар формати МС Ворд