Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
26 December 2014

25  декабри  соли 2014  иҷлосияи бистудуюми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум  дар  толори   КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. 

Дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигӣ ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида: 

   -Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2014, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе, вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013»;

   - Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 шаҳри Душанбе;

  -  Дар бораи номивазкунии кeчаи Кулибини шаҳри Душанбе;

  -  Дар бораи номгузорӣ намудани Маркази тиббии шаҳрӣ;

  - Дар бораи номгузорӣ намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 шаҳри Душанбе;     

  - Дар бораи тасдиқ намудани Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе,  шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия бо инобати таъмини шаффофият ва дастрасии озоди аҳли ҷамоатчигии шаҳр дар рӯзномаи «Паёми Душанбе», сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj ва сомонаҳои иҷтимоӣ 24 декабри соли 2014 комилан интишор шудани матни ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев «Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2014 нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2015 ва иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2013» вакилон ба баррасии васеи он шурӯъ намуда, зимни музокирарониҳои амиқ ҳисоботи Раиси шаҳри Душанберо, ки самтҳои салоҳияти шаҳрдорӣ ва ташкили бонизоми системаи хоҷагидории шаҳрро дар бар гирифта, дар 11 моҳи соли 2014 рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар асоси барномавӣ бемайлон таъмин гардидааст, қобили қабул арзёбӣ карданд.

           Маҳмадсаид  Убайдуллоев дар иҷлосия зикр намуд, ки татбиқи барномаҳои ҳадафраси  шаҳрдорӣ имкон фароҳам оварданд, ки рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳрамон муттасил таъмин гардида, иншооти мухталиф, аз қабили  «Маҷмааи савдо Пойтахт-90, воқеъ дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе» бо масоҳати умумии бино 17 548,8 метри мураббаъ, Боғи Наврӯзгоҳ бо Шар-шараи бошукӯҳи Душанбе дар масоҳати зиёда аз 14 гектар ва «Гулгашт дар қисмати ғарбии хиёбони Рудакӣ, дар ҳудуди кӯчаҳои Ғафур Ғулом ва Студенческая» дар масоҳати 15 135 метри мураббаъ ба анҷом расида, бунёди Маҷмааи тандурустӣ "Пойтахт-90", воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, дар майдони 7,95 гектар бо масоҳати умумии биноҳо 104 620 метри мураббаъ, шаҳраки унверсалии варзишии пойтахт бо Маҷмааи варзишӣ дар масоҳати 9,9 гектар, дар кӯчаи Карамов, ки дорои Қасри теннис барои 3000, Қасри намудҳои варзиши обӣ барои 2000 ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии болокушода, майдони яхмолакбозӣ ва 8 адад кортҳои кушодаи теннис мебошад, босуръат идома дошта, ба истифодасупории онҳо дар солҳои 2015 - 2016 пешбинӣ гардидааст.

Албатта, ҳама самтгириҳо танҳо дар асоси заминаҳои устувори молиявию иқтисодӣ тарҳрезию  нишонрас мешаванд ва дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ тавонистем дар доираи имконият ва зарфиятҳои мавҷудаамон буҷети шаҳрро на танҳо худкифо, балки ба сарчашмаи фароҳамкунандаи буҷети ҷумҳуриамон табдил диҳем. Бо вуҷуди ҳамасола аз контингенти умумии даромадҳои шаҳри Душанбе хориҷ карда шудани ин ё он сарчашмаи андозӣ  тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (барои солҳои 2010-2011) аз соли 2010 андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз соли 2011 андоз аз арзиши иловашуда ва аксизи ширкатҳои мобилӣ, андоз аз даромади шахсони воқеии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, ҷаримаҳои маъмурӣ ва маблағҳои ба илова ҳисобшуда дар рафти санҷишҳои ошкоршуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт шуда истодаанд, даромади умумии буҷети шаҳри Душанбе сол то сол зиёд гардида истодааст ва қобили зикр мебошад, ки дар соли сипаришаванда ва 11 моҳи соли равон дар маҷмӯъ аз даромади якҷояи буҷети вилоятҳои Суғду Хатлон бештар мебошад.

Дар идома бар он афзуд, ки агар дар соли  2004  буҷети  шаҳр, даҳ сол пеш, ҳамагӣ 48,8  миллион  сомониро ташкил медод, ин  нишондод  дар  соли  равон  ба беш аз 1,2 миллиард сомонӣ баробар хоҳад гардид, ки нисбати соли зикршуда 24,5 маротиба зиёд мебошад ва ҳоло ҳам барои фарохтар кардани доираи барномаҳои иҷтимоӣ имконияти васеъ намудани сарчашмаҳои буҷети шаҳр ҷой доранд ва мо дар ин самт чораҷӯӣ хоҳем намуд. Бо кадом роҳ? Яке аз василаҳо ин чун ҳамасола дастгирии ҳамаҷониба ва рушди бемайлони соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна дар фаъолияти рӯзмарраамон дар ҷойи аввалиндараҷа боқӣ хоҳад монд, зеро саҳми сектори хусусӣ дар фароҳам овардани қисми даромади буҷети шаҳр солҳост, ки муайянкунанда ва ҳалкунанда ба шумор меравад ва дар 11 моҳи соли равон  саҳми сектори хусусӣ дар фароҳам овардани қисми даромади буҷети шаҳр ба 80,2 фоиз баробар гардид.

 Дар соли нав тамоми тадбирҳо андешида хоҳанд шуд, ки пешрафти ин сектори иқтисодӣ – фароҳамкунандаи ҷойҳои нави корӣ  таъмин карда шавад.  Аз ин лиҳоз  мо бояд ҳатман ба беҳбудбахшии фаъолияти равзанаи ягона мусоидат намуда, ба санҷишҳои ғайриқонунии сохторҳои ваколатдор, мудохилаву таъсиргузории субъектҳои монополистӣ ва монеаҳои мавҷудаи бюрократӣ дар низоми иҷозатдиҳӣ хотима бахшем. Ҳарчанд ҳисоботҳо дар ин ҷода якрангу тасаллиятбахшанд, аммо мушоҳидаву бардоштҳо ва муроҷиатҳои шаҳрвандон бозгӯи дигаранд. Бо ин мақсад масъулини соҳаи шаҳрдорӣ ва роҳбарони сохторҳои зидахл бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсонӣ бояд фаъолияти шаффофро роҳандозӣ намоянд ва институтҳои шаҳрвандӣ дар ин ҷода назорати қатъии ҷамъиятиро амалӣ созанд.

Тавре ҳамагон хуб дарк намудаанд, афзуд Раиси шаҳр, рушди соҳибкорӣ бештар дар бахши савдову хизматрасонӣ ва сохтмон ба мушоҳида мерасад. Дар соли нав фаъолият ва дастгириҳои шаҳрдорӣ беш аз ҳарвақта  ба таҳкиму инкишофи соҳибкории истеҳсолӣ, ки воқеан баҳри ҷавобгӯ будан ба ниёзҳои бозори истеъмолии дохилӣ нигаронида шудааст, раҳнамун мегардад. Ҳамзамон дар низоми ҷаҳонишавии бозори истеҳсолот мо вазифадорем, ки ҳимояи истеҳсолкунандагони ватаниро таъмин созем ва ба ин васила  бо пешниҳоди маҳсулоти рақобатпазир баҳри ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон заминаҳои воқеиро фароҳам созем. Бо ин мақсад сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, алалхусус Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи идораи замини шаҳр вазифадор карда мешаванд, ки дар доираи Нақшаи генералии тасҳеҳшавандаи шаҳр барои татбиқи ташаббусҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ тарҳрезии нақшаҳои муфассали минтақаҳои саноатиро таъмин созанд. Илова бар он баҳри ҳадафманд ва самаранок истифода намудани қитъаҳои замин дар минтақаҳои саноатии мавҷуда, қабл аз ҳама ҳудуди корхонаҳои саноатие, ки масоҳати замини аз сохтмон холии зиёд доранд ва аз ҷониби соҳибмулконашон истифодаи таъинотии қитъаҳои замин ғайриимкон мебошад, масъалаи дар доираи қонунгузории амалкунанда аз ҳолати бекорхобидагӣ баровардан ва фоидаовар кардани онҳоро роҳандозӣ намоянд.

Масъулини шаҳрдорӣ дар ҳамбастагӣ бо Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе ва дигар институтҳои молиявӣ масъалаи ташкили Фонди молиявии дастгирии истеҳсолотчиёни саноатӣ дар шаҳрро баррасӣ намуда, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба амал баровардани ин иқдом пешниҳоди асоснок фавран омода намоянд.

Дар соли сипаришаванда тибқи барномаи шаҳрдорӣ зарфиятҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ асосан ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳр нигаронида шуд. Дар соли нав мо бо идома бахшидан ба ин раванд, бо инобати имкониятҳои инфрасохтории маҳалҳо ба сохтмонҳои маҷмаавӣ, ки тибқи лоиҳа бунёди иншооти иҷтимоӣ – боғчаву мактаб ва хизматрасонии тиббиро низ пешбинӣ менамояд, шурӯъ намуда, ба татбиқи ин ҳадафҳои меъморӣ ташаббусҳои сектори ғайридавлатиро боз ҳам васеъ сафарбар хоҳем кард.

Идома бар он, ҷиҳати барҳам додани номутаносибии суръати ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон нисбат ба рушди инфраструктураи муҳандисӣ, пеш аз ҳама шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва обу корезӣ, инчунин зарурияти вусъатбахшии ҷараёни бунёди иншооти таъиноти иҷтимоӣ дар минтақаҳои таҷдидшавандаи шаҳр иштироки сармоягузорони иншооти сохташавандаи тиҷоратӣ бо қабули асноди меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ монда мешавад.

Аз нигоҳи мантиқӣ  ва риояи иҷтимоияти тиҷорат яке аз вариантҳои ҷолиб ин аз ҷониби фармоишгарон - сармоягузорони иншооти тиҷоратии бунёдшаванда гирифтани ӯҳдадории нотариалӣ барои бо ин мақсад равона намудани маблағи муайян мутаносибан ба арзиш ва масоҳати умумии бинои сохташаванда мебошад ва тавассути таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии махсусгардонидашуда корҳои лоиҳакашию бунёди шабакаҳои муҳандисиро роҳандозӣ хоҳем кард. Дар ин ҷода масъулини шаҳрдорӣ паҳлӯҳои ҳуқуқии масъаларо амиқ омӯхта, татбиқи онро дар доираи Қарори дахлдори батасвибрасандаи Раиси шаҳри Душанбе бояд таъмин созанд.

            Гарчанде имрӯз дар шаҳр ҳаҷми корҳои сохтмонии иҷрошаванда аз солҳои муваффақонаи даврони шӯравӣ зиёд шуда истода бошад ҳам, таносуби потенсиал ва имкониятҳои сохторҳои назорати давлатии сохтмон ба ҳаҷм ва суръати бунёди иншоотҳо муқоисанашаванда мебошад. Агар дар гузашта ба ғайр аз системаи пурқуввати назорати мутаммаркази давлатӣ дар Кумитаи давлатии сохтмон ва меъморӣ назоратро аз рафти корҳо ва истифодаи маҳсулоти  сохтмонӣ, ҳамзамон сохторҳои махсуси санҷишию назоратӣ дар назди фармоишгарон - вазорату идораҳо ва корхонаҳо роҳандозӣ мекарданд, мутаассифона ҳоло ҳамаи ин масъулият дар шаҳри Душанбе танҳо ба ӯҳдаи Бозрасии давлатии назорати сохтмонӣ - меъмории назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вогузор гардидааст ва бояд иқрор шуд, ки сохтори мазкур дар иҷрои ин масъулият бо сабабҳои объективию субъективӣ ва набудани механизм ва системаи устувор ба мушкилиҳо мувоҷеҳ гардидааст.

Аз ин лиҳоз, шӯъбаи сохтмон ва ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муваззаф карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои масъули соҳа, инчунин бо ҷалби коршиносон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти таъмини назорати эътимоднок, иҷрои босифати корҳои сохтмону васлкунӣ ва истифодаи маҳсулоти сохтмонӣ Барномаи махсусро бо омӯзиш ва роҳандозии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон баҳри риояи талаботҳои санитарию эпидемиологӣ дар ҷараёни корҳои бунёдӣ,  ки дар интиҳо истифодабарандаи дилхоҳ иншоот инсон ва шаҳрванд мебошад, пешбурди назорати дахлдор аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар амалисозии лоиҳаҳои сохтмонӣ низ бояд пурзӯр карда шавад.

Масъалаи рушди инфрасохтории шаҳр бо дарназардошти афзудани нуфуси аҳолӣ, таҷдиди минтақаҳо ва бо болоравии некӯаҳволии сокинон зиёдшавии воситаҳои нақлиёт, бо мубрамияти хеш аз самтҳои аввалиндараҷа дар фаъолияти шаҳрдорӣ боқӣ мемонад. Ҳарчанд дар доираи панҷсолаи  рушди инфрастохтории шаҳр ва дигаргунсозиҳои куллӣ дар соҳаи манзилию коммуналӣ, ки Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум фаъолияташро дар ин самт равона намуд, ба дастовардҳои воқеӣ, тавре дар боло зикраш рафт, ноил гардидем, моро қаноатманд карда наметавонад.  Илова ба идома додани корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмирии роҳҳо, моро зарур аст, ки бинобар афзалиятҳои таъкидшуда, тарҳрезии бунёди роҳҳои каноргузару ихтисоркунандаи танбашавии нақлиёт ва амалисозии роҳҳои нави дар асоси Нақшаи генералии шаҳр пешбинишударо таъмин созем. Албатта, татбиқи ин ҳадафҳо кори саҳл нест. Бартарафсозӣ ва ҷуброни моликияти мавҷуда, ки дар минтақаҳои бунёди роҳҳо ҷойгиранд аз арзиши корҳои сохтмонӣ кам нестанд ва ин ҳама маблағ ва фурсатро металабад. Новобаста аз ин, масъулини шаҳрдорӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар ин самт барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддатро таҳия намоянд.

Беҳдошти вазъи санитарию эпидемиологӣ, таъмини амнияти истеъмолӣ ва  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон чун ҳамеша тақозо менамояд, ки дар радифи амалисозии қарору барномаҳои мавҷуда чораҳои ҷадидро низ роҳандозӣ намоем. Бо ин мақсад ва бо инобати афзудани талаботҳои истеъмолӣ ва васеъшавии ҷуғрофияи субъектҳои хизматрасонӣ дар шаҳр, сохторҳои марбутаи назорати давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ аз пешниҳоди маҳсулоти пастсифату мӯҳлати истифодаашон гузашта чораҳои қатъии комплексию доимиро амалӣ созанд.

Гузашта аз ин, ҷои таъкид аст, ки бо гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ сарфаҷӯии нерӯи барқ ва хароҷоти молиявии истеъмолкунандагон фароҳам гардид ва манфиатҳои мутақобила барои истеҳсолкунандагони барқ ва муштариён дар шаҳрамон баръало ба мушоҳида мерасад. Имрӯз дар ҷодаи боз ҳам сарфаҷӯии нерӯи барқ технологияҳои пешрафта, аз қабили лампаҳои светодиодӣ рӯи кор омаданд, ки дар соли нав роҳандозии истифодаи онҳо, новобаста аз гаронарзишиашон, маҳз аз нигоҳи бехатарӣ ба саломатию  муҳити зист ва дарозмуддатии хизматрасонӣ мувофиқ ба мақсад мебошад.  Аз ин рӯ, баҳри таъминоти эҳтиёҷоти сокинони шаҳр ба ин гуна лампаҳо истеҳсоли хати лампаҳои светодиодӣ дар заминаи  Корхонаи фаръии давлатии “Истеҳсоли лампаҳои каммасрафи барқӣ”-и шаҳри Душанбе ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар идома ба татбиқи ислоҳоти соҳаи коммуналию манзилӣ ва беҳдошти муҳити зист, ки низоми барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ аз ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бештар маврид аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ риоя намегардад, ба масъулини соҳа дастур дода мешавад, ки механизми  дар бозори хизматрасонии беҳдоштӣ ҷалб намудани сектори хусусии истеҳсолиро, ки партовҳои сахти маиширо ҳамчун ашёи хоми истеҳсолӣ истифода менамоянд, тарҳрезӣ намуда, мавриди амал қарор диҳанд.

Ҳамзамон таъкид сохт, ки иҷлосияи мазкур дар фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум ҷаласаи ниҳоӣ мебошад ва боиси қаноатмандист, ки тӯли ин даъват мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи шаҳрамон дар доираи имкониятҳои мавҷудаву ҷойдошта барномаҳои мушаххаси раванди ободкориҳоро дар шаҳрамон вусъати нав бахшида, барои инкишофи озодона ва ташкили шароити зиндагии арзандаи сокинон  фаъолияти густурдаро амалӣ намуданд. Натиҷаҳо ҳарчанд бозгӯи фаъолияти қаноатбахшанд, аммо аз нигоҳи вақт ва зарфиятҳои мақомоти намояндагию  иҷроияи шаҳр ва аҳли ҷомеа ин ҳама моро қонеъ карда наметавонад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо сипосмандӣ аз ҳамраъйию ҳамбастагӣ ва ҳамкориҳои мутақобилаи Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, институтҳои шаҳрвандӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, фаъолони гуруҳи Фейсбук, воситаҳои ахбори омма ва кулли институтҳои шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ, итминон баст, ки дар соли нав, ки дар шаҳр «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» эълон гардид, дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрро афзун намуда, бо тақвияти раванди ободкориҳо фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишиниро беш аз ҳарвақта вусъат мебахшанд.

Баҳри муваффақ шудан ба ин ҳадафҳои созанда Маҳмадсаид Убайдуллоев  ба вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ҳамаи сокинони пойтахт ҳамеша саодатмандӣ, фараҳмандӣ, шукуҳмандӣ ва эминӣ таманно намуда, изҳори итминон кард, ки дар интихоботи навбатӣ  беҳтарин сокинони шаҳр ба ҳайси вакилони Маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб гардида, тамоми нерӯи созандагии аҳли ҷомеаро баҳри боз ҳам равнақу ривоҷи раванди созандагию бунёдкорӣ ва ба дилоротарин  шаҳри сайёра табдил додани Душанбеи азизамон равона месозанд.

Дар иҷлосия вакилон нисбати дигар масъалаҳои рӯзнома ва оид ба номи Убайд Раҷаб номгузорӣ кардани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, кӯчаи Кулибин ба номи Пӯлод Абдуллоев, Маркази тиббии шаҳрӣ ба номи Карим Ахмедов, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №71 ба номи Юсуф Акобиров  қарорҳои дахлдор қабул намуданд ва  дар фарҷоми он аз ҷониби Раиси шаҳр дар расми тантанавӣ ғолибони озмуни “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ”-и аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида:

- барандаи ҷоизаи Гран-при (Шоҳҷоиза) “Беҳтарин сомонаи инноватсионии навраста” лоиҳаи (стартап) donishgoh.tj – ширкати «Адад» бо Диплом ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ;

- барандаи ҷоизаи Гран-при (Шоҳҷоиза) “Беҳтарин сомонаи инноватсионии навраста” лоиҳаи (стартап) dushanbe90.com – донишҷӯи соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Донишгоҳи байналмилалии Малайзия  - Абдухолиқов Абдулазиз  бо Диплом ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ;

- ғолиби озмун дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи инноватсионии хизматрасониҳои давлатӣ” - сомонаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  dushanbemaorif.tj – Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  бо Диплом ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ;

- ғолиби озмун дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи инноватсионии иҷтимоӣ” - сомонаи maktab.tj – муаллиф Ҳамидов Дилшод  бо Диплом ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ;

- ғолиби озмун дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкориҳои давлатӣ – хусусӣ (аутсорсинг)” - сомонаи tojiksoft.tj – муаллиф Орипов Мурод  бо Диплом ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ;

- ғолиби озмун дар номинатсияи “Беҳтарин сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ” - сомонаи afisha-news.tj – муаллиф Нуров Маъруф  бо Диплом ва маблағи 5 ҳазор сомонӣ ва барандаи ҷоизаи сомонаи инноватсионии  “Сазовори таваҷҷуҳи иштирокчиён” - сомонаи faster.tj – муаллиф Ҷалолов Ҷаҳонгир бо Диплом ва маблағи 2 ҳазору 500 сомонӣ, сарфароз гардонида шуданд