Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 June 2010

Дирӯз Раиси шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати  намояндагони Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи Лоиҳаҳои Бонки Умумиҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Пьер Франческо Мантованӣ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили  ҷараёни татбиқи Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки аз ҷониби Бонки мазкур маблағгузорӣ шудааст мавриди баррасӣ карор дода, перомуни таҳияи Консепсияи ҷадиди фарогири рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии шаҳри Душанберо ҳамчун идомаи марҳилаи дуюми Лоиҳаи мавҷуда табодули назар намуданд.

Зикр гардид, ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ бо дарназардошти татбиқи мақсадноку ибратбахши Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанбе омодааст ҷиҳати дар асоси Лоиҳа кам кардани талафоти оби истеҳсолшуда, насби ҳисобкунакҳои обӣ ва рушди потенсиали идоракунию иқтидори худкифоии молиявии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» маблағҳои иловагии грантиро дар ҳаҷми 12 млн $ ихтисос диҳад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо баррасӣ аз пешниҳоди ҷаноби Мантованӣ афзуд, ки идомаи ҳамкориҳо бо Бонки Умумиҷаҳонӣ баҳри таъмини амнияти истеъмолӣ ва дастрасии аҳолии пойтахт бо оби нӯшокии хушсифат аз нақшаҳои характери дурнамодоштаи шаҳрдорӣ буда, бо инобати таклифхои ироагардида дар Лоиҳаи феълӣ барои иҷроиш дарҷ ёфтаанд ва камбуди маблағи азхудшаванда ба пуррагӣ рафъи мушкилоти мавҷударо фарогир нест, таҳияи Консепсияи мавриди таваҷҷӯҳ бо назардошти таҷдиди хатҳои корезӣ, муайянсозии сарчашмаи камхарҷи истеҳсолу интиқоли об ба аҳолӣ, яъне гузариш ба обҳои зеризаминӣ  ё худ манбаъҳои безарару равони табиӣ омода карда шавад.

Дар сурати мазкур Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе омодааст созишномаҳои грантиву қарзиро ба маблағи 150-200 млн $ бо азхудкуниашон дар мӯҳлати 10 сол дар асоси рушди меъморӣ тибқи Нақшаи генералии шаҳр ба имзо расонад. Ҳамчун хамшарикӣ дар татбиқи Консепсияи мазкур насби ҳисобкунакҳои обиро барои 158 ҳазор муштарии КВД «Обу корези шаҳри Душанбе», ки алҳол аз ин миқдор ҳамагӣ 7,5 ҳазор адад насб карда шудаанд бо дастрассозии қарзҳои буҷавӣ ба ин корхонаи коммуналии хизматрасон  таъмин созад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки гурӯҳҳои кории тарафҳо дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин асосҳои техникии Консепсияро дар ҳамкорӣ таҳия ва ба баррасии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.