Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 December 2014

30 декабри соли 2014 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои кадрӣ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагидории шаҳр таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар он мутобиқ ба Қарорҳои марбутаи Раиси шаҳри Душанбе тибқи қарордодҳои меҳнатӣ Усмонов Қосимҷон Турсунбойевич – директори Муассисаи давлатии «Маркази савдои Пойтахт 90» таъин гардида, ҳамзамон Сатторова Мунавар аз вазифаи директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе озод ва ба ин вазифа Зарипова Муҳаббат Маҳмадқуловна, инчунин Кенҷаев Мухбирҷон Ҷӯрабоевич аз вазифаи директори Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» бинобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод ва ба ин мансаб Ҳусайнов Шариф Наботович таъин карда шуданд.