Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 May 2014

Дар бораи баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе

ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо         

 

Бо мақсади тақвияти омодагиҳо ба ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва дар ин замина афзудани дастовардҳои меҳнатию фарҳангӣ, ободию озодагии ҳар як хонадону маҳалла ва шаҳрак, тавсеабахшии иштироки васеи шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар тарҳрезию амалисозии барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии  шаҳр, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ҷадвали замимагардидаи аз 14 май то 31 августи  соли 2014  ҳар чоршанбе, панҷшанбе ва ҷумъаи ҳафта баргузор намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо тасдиқ ва ҷиҳати ҳадафманд амалисозии  он муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе (сарпарасти ноҳияҳо), раисони ноҳияҳо, роҳбарони аввали сохторҳои хизматрасонию назоратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ масъул дониста шаванд.     

2. Назорати мақсаднок доир намудани Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо ва ҳар ҳафта рӯзи сешанбе дар ҷаласаҳои назоратии назди раисони  ноҳияҳо  натиҷаи онҳоро ҷамъбаст намудан  ба зиммаи раисони комиссияҳои доимии  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, мутаносибан дар ноҳияи Сино ба А. Ҳабибов ва А. Абдурасулов, ноҳияи Фирдавсӣ - А.Самадов ва Г. Шарипова, ноҳияи И. Сомонӣ – З. Шарипов ва С. Сафиаллоев ва ноҳияи Шоҳмансур ба зиммаи А. Рауфӣ ва С.Шарипов  вогузор карда шавад.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муҳтавои Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ дастраси сокинони шаҳраку маҳаллаҳо гардонад ва   Муассисаи давлатии «Телевизиони пойтахт»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷараёни Рӯзҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар шаҳраку маҳаллаҳо пайваста гузоришҳо омода карда, гуфтугӯи мустақими роҳбарияти шаҳр ва раисони ноҳияҳоро оид ба ҳалли мушкилоти шаҳраку маҳаллаҳо бо сокинон роҳандозӣ намояд.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ӯлмасов Ф.У. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕ