Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 April 2014

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури Ø = 600 мм, воқеъ дар кӯчаи Пушкин

 

      Муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозҷ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатҷ дар шаҳри Душанбе №1/124 аз 8 апрели соли 2014-ро баррасҷ намуда, бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №545-16 аз 19 сентябри соли 2013  «Дар бораи ғолиби тендер»  оид ба «Азнавсозии кӯчаи Пушкин» ҷиҳати таъмир ва пайваст намудани қубури Ø = 600 мм дар кӯчаи Пушкин, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатҷ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

              1. Нақшаи замимашудаи чорабиниҳои мувофиқагардидаи Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозҷ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатҷ дар шаҳри Душанбе оид ба  муваққатан аз соати 0800 то соати 2400 рӯзи 23 апрели соли 2014 қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури  Ø = 600 мм, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, ҷонибдорҷ карда шавад.

              2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни таъмир ва пайваст намудани қубури Ø-635 мм, воқеъ дар кӯчаи Пушкин, аз буриши кӯчаи Шотемури ноҳияи Исмоили Сомонҷ, интиқоли оби нӯшокҷ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонҷ, аз ҷумла, кӯчаҳои Шотемур (аз хиёбони Рӯдакҷ то кӯчаи М.Турсунзода), Пушкин, Бохтар, Теҳрон, биноҳои истиқоматии №53, №62 ва №64 хиёбони Рӯдакҷ қатъ мегардад.

              3. Аз сокинони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимаи оби нӯшокиро барои 12 соат захира намоянд.

               4. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонҷ Қурбонов А.Ҷ. ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Исупов Ф.А. дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш, сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокҷ таъмин намоянд.

                   5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе (Ҳабибов А.Ҳ.) дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирҷ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокҷ мутобиқба талаботҳои санитарию эпидемиологҷ таҳти назорат қарор диҳад.

                   6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.  гузошта шавад.

                                                                                 М.УБАЙДУЛЛОЕВ