Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2014

Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои    «Стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба варзишгарони умедбахши шаҳри Душанбе» 

Бо мақсади рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва  варзиш дар шаҳри Душанбе, иҷрои Қарори Раиси  шаҳри Душанбе аз № 142-1 аз 1 марти  соли 2011 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии варзишгарони беҳтарини шаҳри Душанбе» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,  моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Бо дарназардошти суратмаҷлиси №2 аз 11 апрели соли 2014 –и Кумитаи тадорукот рӯйхати ҷамъбастии ғолибони озмуни стипендияи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои дастовардҳои соли 2013 тибқи  ҳисобномаи пешниҳодгардида, ки замима гардидаанд тасдиқ карда шавад ва бо ин мақсад  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 182 400 (як саду ҳаштоду ду ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо  намояд.

2. Муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Қаюмов А.) истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудогардидаро мувофиқи тартиби муқарраргардида, таъмин намояд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4. Шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори омма таъмин намояд.

 5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. ва Назаров Б.М. гузошта шавад. 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ