Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 April 2014

Дар бораи баргузории озмуни

«Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ»

 

Бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми шаҳрдорӣ, аз ҷумла, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо дарназардошти рушду густариши соҳибкории истеҳсолӣ ва хурду миёна тавассути истифодабарии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, рушди элементҳои ҳукумати электронӣ дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 «Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» ва Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 20 декабри соли 2012, №123-12 «Дар бораи “Ҳисоботи Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев “Оид ба иҷроиши барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2012, нақшаҳои рушд, буҷети шаҳри Душанбе ва вазифаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2013 ва тасдиқи иҷрои буҷети шаҳри Душанбе дар соли 2011», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Баҳри истиқболи сазовори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри  Душанбе миёни шахсони ҳуқуқию воқеии ватанӣ то 1 октябри соли 2014 озмуни «Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ» эълон ва ҳайати комиссияи озмунӣ бо тартибу шартҳои баргузории он тибқи замимаҳои №1 ва №2 тасдиқ карда шаванд ва муқаррар карда шавад, ки ҷамъбасти он на дертар аз 10 октябри соли 2014 сурат мегирад.  

         2. Шуъбаи  таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо  ҳайати комиссияи озмунӣ баргузории озмуни мазкурро тавассути расонаҳои хабарии чопию электронӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеии ватанӣ, ки дар сохтани беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ муваффақ мебошанд, бетаъхир расонда, иштироки васеи субъектҳои марбутаро дар озмун таъмин ва аз натиҷаи ҷамъбасти он хулосаи асоснокро ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.

         3.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Кенҷаев Д.М.) барои  хароҷоти  озмуни мазкур аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи сметаи хароҷотӣ мувофиқи замимаи №3 ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  35500 (сиву панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ ҷудо намояд.

         4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н. Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ