Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 January 2015

Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2014, №375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ

ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  

 

Бо мақсади татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», эҳёву такмили ҳунарҳои мардумӣ миёни занону ҷавондухтарони шаҳри Душанбе, мутобиқи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

    1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида ҷиҳати  иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №375 аз 3 июни соли 2014 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад.

    2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаро бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон ва тариқи таъсис додани марказҳои таълимию коргоҳҳои истеҳсолии қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ амалӣ намоянд.

    3. Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Пойтахт» ва «Паёми Душанбе» оид ба ҳунарҳо ва ҳунармандони мардумӣ, аҳамияти онҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ, ҳалли масъалаҳои шуѓл, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ барномаву гузоришҳои мақсаднок таҳия ва пешниҳод намоянд.

    4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. ва Мансуров Ҷ.М. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ