Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 January 2015

Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар иртибот ба андешаҳои таҳрифёфта дар воситаҳои ахбор омма бобати тибқи Нақшаи генералии шаҳр ба минтақаи дигар кӯчонидани Боғи ҳайвоноти Душанбе, ки зимни нишасти матбуотӣ аз номи сармеъмори шаҳр Қ. Файзуллоев, аз ҷумла сомонаи www.faraj.tj  нигоштааст, ки «зоопарк ба боғи Ғалаба меравад», маълум медорад, ки он комилан нодуруст мебошад.

        Зеро тибқи посух ба суоли рӯзноманигорон дар ин хусус қайд гардида буд, ки айни ҳол барои ҷойгиронии «Боғи ҳайвонот» мувофиқ ба Нақшаи генералии шаҳри Душанбе қитъаи замин дар масоҳати 25,0 гектар дар қисмати шимолу шарқии минтақаи Боғи Ғалаба, дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Камчин муайян карда шудааст.

         Феълан, ҷиҳати ба амал баровардани  ин иқдом лоиҳаи Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оид ба интихоб ва ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳоли коркард ва мувофиқасозӣ бо сохторҳои марбута қарор дошта, бо ба тасвиб расидани он масъалаи сохтмони иншоот тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мавриди баррасӣ қарор мегирад.

           Бо инобати ин, баҳри таҳриф наёфтани воқеият ва халалдор нагардидани фазои иттилоотӣ хоҳишмандем ин нуктаи зикрёфта баҳри раҳнамоии сокинон истифода карда шавад.

 

Сармеъмори шаҳри Душанбе             Қудратулло Файзуллоев