Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 January 2015

19 январи соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид.

Дар ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳр доир ба татбиқи бомаром ва ҳадафманди барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар соли ҷорӣ бо пешниҳоди механизмҳои мушаххасу муассири корбарӣ дар ҳамаи самтҳои хоҷагидории шаҳр масъалагузориҳо сурат гирифт.

 Бо инобати  ҷалби бештари сокинон дар раванди идоракунии соҳаҳои шаҳрдорӣ ва бевосита дар ҷойҳо бо масъалаву муроҷиати шаҳрвандон кор гирифтан, сарфаи вақт ва пешгирӣ аз нуфузёбии тамоюлҳои бюрократӣ дар баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон ва зери назорати доимӣ қарор додани фаъолияти сохторҳои хизматрасони шаҳрию ноҳиявӣ дар роҳи баровардани эҳтиёҷоти сокинону фароҳам овардани шароити будубош вобаста аз иҷрои вазифаҳои хизматӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар намуд, ки шуруъ аз 20 январи соли 2015 фаъолияти кории муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони суъбектҳои назоратию хизматрасони шаҳриву ноҳиявӣ ҳамарӯза аз соати 6 то 12 барои дар таносуби ҳар як шаҳраку маҳаллаҳо зимни боздиди шахсӣ нисбати дилхоҳ мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ намудан сафарбар карда шавад.

Дар иртибот бар он, зикр сохт, ки бино аз 20 январи соли 2015 барои баррасии ҳуҷҷатҳои истеҳсолию қабули шаҳрвандон фаъолияти дастгоҳҳои Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамарӯза  баъд аз соати 15 роҳандозӣ карда мешавад.

Зимнан дастур дод, ки нақшаи фарогирии фаъолияти ҳамарӯзаи гурӯҳҳои корӣ дар таносуби ҳар кадом ноҳияҳои шаҳр аз ҷониби дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таҳия ва тариқи воситаҳои ахбори оммаи шаҳрӣ ҷиҳати ширкати фаъолона дастраси сокинон  карда шавад.