Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 June 2010

22 июни соли 2010 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид. Дар кори иҷлосия дар радифи вакилон роҳбарони мақомоти марбутаи шаҳрӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Вакилон  бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзнома ба баррасии масъалаҳои шомилгардида шурӯъ намуданд.

Дар иҷлосия тибқи рӯзнома  вакилон гузориши Раиси комиссияи шаҳрии интихобот ба Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Ҳусноро Мирзоеваро дар бораи натиҷаи интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҷои вакили хориҷшуда 20 июни соли 2010 дар ҳавзаи инихоботии шаҳрии № 43 баргузоргардидаро шунида, ваколати вакили интихобшуда Ҷалолов Шамсиддин Асомуддинович- раиси Кумитаи шаҳрии Хизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро тасдиқ намуданд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова оид ба ҷараёни иҷрои «Барномаи рушди муассисаҳои томактабии шаҳри Душанбе  барои солҳои 2008-2015» дар назди вакилон ҳисобот дод.

 Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ба хотири рушду нумӯи соҳаи маориф, алалхусус муассисаҳои томактабӣ, беҳтар гаштани шароити тарбияву таълим, таъминоти онҳо бо  маводҳои зарурӣ, адабиёти соҳавӣ, ҳаллу фасли масъалаи кадрҳои ихтисосманд, мустаҳкам намудани пояи моддӣ- техникӣ ва  омода намудани кӯдакони синни томактабӣ   ба ҳаёти минбаъда барои амалӣ гардонидани Барномаи мазкур дар  ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута роҳбарони муассисаҳои томактабӣ  дар солҳои  2008-2010 корҳои  зиёдеро ба сомон расониданд. Дар натиҷаи чорабиниҳое, ки мӯҳлати иҷрои онҳо ба солҳои 2008-2009 ва 6 моҳи 2010 рост меоянд, аз ҷониби сохторҳои масъул: Раёсати маорифи шаҳри Душанбею муассисаҳои тобеи он, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе асосан иҷро гардидаанд.

         Аз рӯи талаботи Барнома дар ду соли охир масъалаҳои  маблағгузорӣ, хӯрока, таъмири ҷорию асосии биноҳо, таъмини муассисаҳо бо таҷҳизот,  баргардонидани биною  иншоотҳои  ин соҳа  аз ташкилоту муассисаҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар муассисаҳои томактабӣ ҷойгир кунонида шуда буданд,  то як андоза ҳалли худро ёфтаанд.

         Агар пеш аз тасдиқи Барномаи  мазкур  маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ барои хӯрок ба ҳар як кӯдак дар як рӯз 45-52 дирамро ташкил медод, тавассути иҷрои Барнома  дар соли 2010 ин маблағ  ба 2 сомонӣ 50 дирам расонида шуд, ки дар нисбати соли 2006 5 маротиба зиёд аст. 

           Инчунин, дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе тамоми муассисаҳои томактабӣ суратҳисоби махсус кушоданд, ки ба он кумакҳои падару модарон ворид гашта, аз ҳисоби ин маблағҳо ҳолати таъмини кӯдакон бо хӯроки гарм  дар муассисаҳои томактабии пойтахт  хеле беҳтар гардид.

         Муассисаҳои томактабии  шаҳр бо 23-адад компютерҳо ва тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо бо бозиҳои компютерии тамғаи «Ҳамадон» аз ҳисоби Иттиҳодияи ҷамъиятии падару модарон таъмин гардиданд.

            Айни ҳол  ҳамаи муассисаҳои  томактабӣ бо кормандони соҳаи тиб таъмин буда, мувофиқи нишондодҳои барнома  ташкили ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ (ҳуҷраҳои маҳс, хоб, УВЧ ва УФО) барои солимгардонии кӯдакон оғоз гашта, то имрӯз  дар муассисаҳои томактабии  №№ 1, 42,64, 149, 140, 117, 151, 123, 159 чунин ҳуҷраҳо таъсис  шуда, барои солимгардонии кӯдакони худи муассисаҳои томактабӣ ва кӯдакони кӯдакистонҳои гирду атроф хизмат мерасонад.

         Тибқи маълумоти Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дар соли 2008 барои таъмири ҷории муассисаҳои томактабӣ   2931318 сомонӣ ва дар соли 2009  3111483  сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии  ноҳияҳои пойтахт ҷудо гашта, корҳои мушаххас оиди таъмири  кӯдакистонҳо  ба анҷом расидааст:  Аз ҷумла,  боми муассисаҳои томактабии №  № 46,67,79 ноҳияи Шоҳмансур, кӯдакистонҳои №№20, 52, 53, 76, 106, 117, 119, 123, 124, 126, 127, 128, 129, 130, 132, 135, 151 ноҳияи Фирдавсӣ,  кӯдакистонҳои №№  31, 68, 81, 95, 56, 66, 81, 83, 101, 136, 140, 141, 144, 148, 150, 152, 154, 156, 157, 158, мактаб кӯдакистонҳои №№1 ва 5 ноҳияи Сино, ки бомашон мумфарш  буданду мечакиданд, тунукапӯш карда шуда, кӯдакистонҳои №№ 8, 17,59,110,149  ноҳияи Исмоилӣ  Сомонӣ  аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Дар баробари ин,  қубурҳои обу коррезӣ ва оби гарми муассисаҳои томактабӣ №№123,130  ва хати барқи муассисаи томактабии № 123  аз таъмир бароварда шуд. Дар  муассисаҳои  томактабии №№ 1, 8, 24, 46,64, 72 106, 119, 126, 127, 124, 129, 130, 132, 134   бойлерҳои автономии гармкунӣ сохта, ба истифода  дода шуд.

        Мутобиқи нишондоди Барнома дар соли 2009 дар асоси Амри Раиси шахри Душанбе  № 5 аз 20 январи соли 2009 муассисаҳои томактабии №№ 1, 36, 64, 159-и ноҳияи Шоҳмансур ва муассисаҳои томактабии № 50, 56 ва мактаб – кӯдакистони № 2 ноҳияи Сино  аз ҳисоби буҷети шаҳр аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба ин мақсад аз буҷети шаҳр 7560312  сомонӣ сарф шудааст. Соли 2010 бошад, мутобиқ ба Амри Раиси шаҳр №1 аз  9 январи соли 2010  барои  таъмири асосии муассисаҳои томактабӣ  10.750.000 сомонӣ маблағ  ҷудо  шудааст. Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар   муасисаҳои томактабии №№ 4,112,157,139, 157    босуръат давом дорад.

         Ҳамзамон дар соли равон сохтмони корпуси  нав ва барқарор намудани кӯдакистони  № 162  дар соли равон ба маблағи 2700000  сомонӣ  дар назар дошта шудааст.

         Барои  дастрас намудани бозичаҳо  бо назардошти синну соли  кӯдакон    муассисаҳои томактабии  пойтахт  соли 2008  ба маблағи 120615 сомонӣ  ва соли 2009 161756 сомон  таъмин гардида, бозичаҳои мазкур  дар гузаронидани машғулиятҳо, бозиҳои серҳаракат ва инкишофи зеҳнии кӯдакон, инчунин дар баргузории сайругашт самаранок истифода бурда мешаванд. Соли 2010  кӯдакистонҳои   пойтахт бо 1090 адад компютерҳои кӯдаконаи ҳарфхони тамғаи «Ҳамадон» таъмин карда шудааст, ки ба ташаккули тафаккури техникии кӯддакон мусоидат менамояд. 

        Дар асоси Барнома муассисаҳои томактабии пойтахт  аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ (ноҳияҳо) дар  соли 2008  ба маблағи 308494 сомонӣ ва дар соли 2009 ба маблағи  1909888 сомонӣ кати  хоб, мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурии дигар харидорӣ намуда, ҳамаи муассисаҳои томактабии пойтахт дар  шароити зимистонгузаронӣ бо балонҳои газӣ моеъ ва муассисаҳои томактабии ноҳияи Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ бо яхдонҳо таъмин карда шуданд. Ин таҷриба дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ идома дошта, то соли 2013 тамоми кӯдакистонҳо бо яхдонҳои нав таъмин карда мешаванд.  

Мутобиқи талаботи  Қарори зикргардидаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бинои муассисаи томактабии №157, ки дар заминаи он  гимназияи хусусии «Ҳилол» фаъолият дошт, ба муассисаи  томактабӣ,  бинои муассисаи томактабии № 99, ки дар  он  гимназияи хусусии «Сарпараст» фаъолият дошт,  ба литсеяи № 2 барои хонандагони лаёқатманд баргардонида мешавад.

Ба муассиси гимназияи «Ҳотам ва ПВ» қитъаи замин барои сохтмони  мактаб ҷудо карда шуда, баъди ба анҷом расидани сохтмон бинои муассисаи томактабии № 158  ба кӯдакистон баргардонида мешавад.

            Ба таври афзалиятнок ҷудо намудани қитъаи замин  ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ баҳри сохтмони муассисаи томактабӣ ва мактабҳо амалӣ гардида истодааст. Бо ин мақсад  соҳибкорон Иброҳимов Назаралӣ, Абудвоҳитова Муборак ва директори Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Элитстройсервис» Иззатулло Давлатов барои сохтмони боғчаҳои хусусӣ муроҷиат намудаанд, ки муроҷиатҳои онҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳоли коркард ва омӯзиш аст.  

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомдодаи масъулин бо вуҷуди фароҳам овардани имкониятҳои имтиёзии андозӣ барои субъектҳои соҳибташаббуси бунёдкунандаи муассисаҳои мактабию томактабӣ дар шаҳр масъалаи дар тӯли ду соли ҷараёнёбии татбиқи Барнома таври мусбӣ ҳал нагардидани як қатор  нишондиҳандаҳои барномаро қайд намуда, фаъолияти ҳисоботдиҳанда ва Кумитаи заминсозиву Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанберо ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо мӯҳлат муқаррар намуд.

Ҳамзамон ҷиҳати тақвияти тадбирҳои амалишванда ва дастгирии соҳибкорон дар иҷрои талаботҳои Барномаи мазкур  зикр сохт, ки ҳамасола аз ҳисоби буҷети шаҳр 8 млн сомонӣ ҳамчун қарзи бефоиз ҷудо карда хоҳад шуд, ки тибқи озмун дар ҳар як ноҳияи шаҳр яктогӣ боғчаҳои хусусӣ бунёд намоянд. Дар ин радиф муқаррар сохт, ки  Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои субъектҳои соҳибташаббус бо риояи тартиби ҷорӣ дар мӯҳлати 21 рӯз бояд барои ба тасвиб расонидан пешниҳод карда шавад.

Ҷараёни иҷрои Барнома бошад ҳар моҳ таври доимӣ дар сатҳи комиссияи дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ  ва ҳолати муассисаҳои томактабии дар қаламрави шаҳр фаъолиятдошта ва  истифодаи таъинотии онҳо аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе мавриди санҷиш карор дода шавад.

Сипас, вакилон тибқи рӯзнома Дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Низомнома «Дар бораи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе»-ро бо назардошти тағйиру иловаҳои воридгардида  тасдиқ намуда, барои баланд бардоштани масъулияти вакилон муқаррар сохтанд, ки  дар сурати бе сабабҳои  узрнок таври пайваста дар се иҷлосия ширкат наварзидани вакил  масъалаи ваколати ӯ дар сатҳи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад.

Дар фарҷом вакилон бо тасдиқи як идда Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, ки дар фосилаи баргузории иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  қабул гардидаанд ва нақшаи корӣ оид ба омодагиву иштирок дар чорабинии шаҳрӣ бахшида ба 13-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ба кори иҷлосия  хотима бахшиданд.