Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 January 2015

Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №16 аз 20 январи соли 20015 «Дар бораи тендери такрорӣ»  ОИД БА ИНТИХОБИ МОЛРАСОНИ 2200 (ДУ ҲАЗОРУ ДУСАД)  АДАД КОМПЮТЕР БАРОИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУДИ  ДОВТАЛАБОНЕ, КИ КОМПЮТЕР ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАНД, ТЕНДЕР ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ иштирок карда метавонанд.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.    Ҳуҷҷати таъсисии (оиннома, шаҳодатнома) корхона;

2.    Пешниҳоди тендерӣ;

3.    Кафолати бонкӣ барои иҷрои шартҳои дархости тендерӣ дар ҳаҷми 1% аз маблағи пешниҳоди тендерӣ;

4.    Маълумотномаи Нозироти андози макони қайди Иштирокчӣ оид ба қарздорӣ дар назди буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатӣ;

5.    Маълумотнома оид ба мавҷудияти захираи моддӣ-техникӣ;

6.    Маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии қарордодҳои ба ин монанд дар 2 соли охир иҷронамуда;

7.    Муҳлати молрасонӣ;

8.    Пардохти ҳаққи иштирок дар тендер;

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ довталабон метавонанд ба маъмурияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, хиёбони Рудакӣ 18, бо телефонҳои 221-30-92 ва 95-138-05-05 муроҷиат намоянд.

РӯЗИ ГУЗАРОНИДАНИ ТЕНДЕР 2-ЮМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2015, СОАТИ 15.00.

Макони баргузории тендер: толори маҷлисгоҳи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 18, ошёнаи 3.

Эзоҳ: муҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 12.00-и 2-юми феврали соли 2015.

Феҳристи молҳои харидшаванда

Номгуи мол

Вохиди ченак

Микдор

1

Моноблок

Процесор-Inter Core  i3 2.9 Ггц

RAM (Оперативная памят) -4 ГБ DDR III

USB 3/0

Скорость жесткого диска настольного ПК: 7200 об/мин

Жесткий диск---HDD 500 Gb Sata

Монитор –19 LCD

Комуникатсия- LAN (RJ45) Wi-Fi

Мышка—безпроводная

Клавиатура –безпроводная

ОС- Windows 8.1

адад

2200

2

UPS-1100 va

адад

500

3

Принтер (3х1)

адад

220

4

Модем Wi-Fi

адад

120

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №16 аз 20.01.2015

 

Дар бораи баргузории тендери такрорӣЛ

Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт бо компютер, бо инобати розигии Агентии  хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №478 аз 10 декабри соли 2014  ва Протоколи ҷаласаи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Дущанбе №216  аз 12 декабри соли 2014, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои   12,14 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ»

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

   1. Бинобар сабаби рад намудани дархости тендерии довталабон аз ҷониби  Комиссияи тендерӣ ва Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Дущанбе оид ба интихоби молрасони 2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таълимии пойтахт, ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №86 аз 27 марти соли 2014 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» эълон шуда буд,  тендер бекор карда шавад.

   2. Комиссияи тендерии аз тарафи Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳодшуда оид ба интихоби молрасони 2200 (ду ҳазору дусад) адад компютер барои муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар ҳайати замимагардида таъсис дода шуда, мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баргузорӣ ва ҷамъбасти тендерро аз тариқи   иштироки номаҳдуди довталабоне, ки компютер истеҳсол менамоянд бо маҳдуд намудани муҳлати пешниҳоди дархостҳои тендерӣ, таъмин намояд.

   3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути сомонаи интернетии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ирсоли даъватнома ба шахсони ҳуқуқие, ки компютер истеҳсол менамоянд, чораҳои амалӣ андешад.

   4. Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ эълон ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода намояд.

    5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А.  гузошта шавад.

                                       М.УБАЙДУЛЛОЕВ