Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
2 February 2015

2 феврали соли 2015 дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, институтҳои шаҳрвандӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» эълон гардидани соли 2015 дар шаҳр, қабл аз ҳама дар ҷаласа бо иштироки тарроҳон ва роҳбарони субъектҳои саноати дӯзандагии пойтахт масъалаи дар асоси таъмини рақобат ва бо роҳи пешниҳоди моли хушсифат ба даст овардани боварии истеъмолкунандагони шаҳр густариши истеҳсоли сару либоси мактабӣ барои эҳтиёҷоти мактабиён ва либосҳои шинами корӣ барои кормандони дигар  соҳаҳои хоҷагидории шаҳрро баррасӣ намуд.

Бо ин мақсад дастур фармуд, ки дар амалбарории ин тасмимот ва бо пешниҳоди маоши муносиб бо мутахассисон таъмин кардани ҷойҳои кории мавҷударо роҳбарони субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҳамкорӣ бо раисони ноҳияҳо ва хадамоти шуѓли аҳолӣ ҳаллу фасл намоянд.  Аз ин лиҳоз барои омӯзиши масъала дар ҷаласа гуруҳи кории марбутаи шаҳрдорӣ таъсис ёфт то дар иртибот ба ин ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ пажӯҳиши дахлдорро анҷом диҳад.

Инчунин, дар ҷаласа ҳолати зимистонгузаронӣ ва фаъолияти шабонарӯзии ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар ин хусус, сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр, нигаҳдошти хиёбон, кӯчаю роҳҳои нақлиётию маҳаллагузар ва пиёдароҳҳо аз тарафи раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва дар ин ҷода ҷалби зарфиятҳои соҳибкорон ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ мутобиқ ба идомаи анъаноти мавҷуда, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, таълимию тандурустӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, вусъати ҷараёни ниҳолшинонию хуррамгардонии марзи маъмурии шаҳр ва  омодагиҳо  ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ   матраҳ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи анъана қабули шаҳрвандоне, ки муроҷиатҳояшон дар сатҳи  муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо ҳалли худро пайдо накардаанд сурат гирифт ва дар доираи салоҳияти шаҳрдор муроҷиати ҳар кадоме баррасию қонеъ  карда шуданд.