Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 February 2015


        Комисияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, тибқи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №28 аз 29 январи соли 2015 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» оиди интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳаи тибби иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» -марҳилаи дувоздаҳум барои:

-Лоти №1 «Таҷҳизот барои ташхиси нурӣ»;

-Лоти №2 «Дастгоҳҳои назорати ҳолатҳои клиникӣ»;

-Лоти №3 «Таҷҳизоти озмоишгоҳӣ»;

-Лоти №3а «Таҷҳизот барои ташхиси гистологӣ ва ситологӣ»;

-Лоти №4 «Дастгоҳҳо барои ҳуҷраи физиотеропевтӣ»;

-Лоти №5 «Таҷҳизот барои толорҳҳо/ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ»;

-Лоти №6 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби гӯшу гӯлу ва бинӣ (ЛОР)»;

-Лоти №7 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби бемориҳои чашм (офтальмолог)»;

-Лоти №8 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби кӯдакона ва неонатолог»;

-Лоти №9 «Таҷҳизот барои ташхиси даруннигарӣ (эндоскопия)»;

-Лоти №10 «Таҷҳизот барои узвҳои нафаскашӣ (распираторная)»;

-Лоти№11 «Нақлиёти санитарӣ ва таҷҳизотҳои иловагӣ»;

-Лоти №12 «Таҷҳизоти стоматологӣ»;

-Лоти №13 «Таҷҳизоти ташхиси функсионалӣ»;

-Лоти №14 «Таҷҳизоти биотиббӣ»;

-Лоти №14а «Таҷҳизот барои таъмири нақлиёти тиббӣ»;

-Лоти №15 «Таҷҳизоти тиббӣ барои ҳӯҷраҳои табобатӣ дар шуъбаҳои беморхона»;

-Лоти №16 «Таҷҳизот барои хӯроктайёркунӣ дар ошхона;

-Лоти №18 «Панелҳои болоикатии беморон ва воситаҳои овезон»;

-Лоти №19 «Таҷҳизоти безараргардонӣ (автоклав)»;

-Лоти №20 «Таҷҳизот барои маитхона»;

-Лоти №21 «Оргтехника ва дастгоҳҳои назоратӣ аудио ва видеогӣ»;

-Лоти №22 «Таҷҳизот барои ҷомашӯйхона»;

-Лоти №23 «Таҷҳизоти фармасевтӣ»;

--Лоти№24 «Ашёҳо ва воситаҳои хоҷаҷагидорӣ»;

-Лоти №25 «Маводҳо ва воситаҳои масрафшаванда»;

-Лоти №26 «Инвентари мулоим»;

-Лоти №27 «Тренажерҳои таълимӣ ва таҷҳизоти намунасозӣ (симуляционная)»;

-Лоти №27а «Монитор барои беморон»

 

ТЕНДЕР АЗ ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД БО МАҲДУД МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ДАРХОСТИ ТЕНДЕРӣ ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

 

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ тибқи Шартҳои махсуси тендер ҷиҳати интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тиббӣ ба иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок карда метавонанд

1.Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (бо тарзи электронӣ) бояд на дертар аз 3 рӯз то санаи баргузор гардидани маҷлиси комиссияи тендерӣ (кушодани лифофаҳо) пешниҳод гардад.

2.Пешниҳоди тендерии довталаб бо дарҷи муҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши он бевосита аз ҷониби субъектҳои истеҳсолкунанда ва ё дар ҳолати аз ҳуқуқи таҳвили бевосита даст кашидани истеҳсолкунандагон, танҳо аз ҷониби як сохторе, ки худи молистеҳсолкунанда интихоб менамояд ва аз истеҳсолкунанда таҷҳизотро дастрас ва ба иншоот бе иштироки субъектҳои миёнарав ворид месозад, бояд ирсол гардад ва арзиши таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири соҳаи тибро бо инобати хароҷотҳои нақлиётӣ, васл, санҷиш, ҷуркунӣ (пуско-наладочные работы) ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута бо муҳлати кафолатӣ барои 2 сол дар бар гирад.

3.Довталаб ҳамзамон ба комиссияи тендерӣ чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бояд ирсол намояд:

3.1.Шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ;

3.2.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ  тасдиқ мекунанду на тезтар аз 30 рӯз то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст;

3.3.Маълумот оид ба таҷрибаи амсоли таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба кишварҳои сайёра бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир;

3.4.Номгӯйи таҷҳизоти тиббии таҳвилшаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, завод, сертификати сифат, дастурамали истифодабарӣ ҳатман бо забони русӣ, нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон;

3.5.Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ;

4.Шартҳои таҳвили таҷҳизот: талаботи ИНКОТЕРМС 2010, CIP Душанбе (майдончаи сохтмонӣ).

        5.Довталаб метавонад дар як ва ё якчанд лотҳо иштирок намояд.

6.Довталабе, ки дар тендер ғолибият ба даст меорад, бояд номгӯи таҷҳизотҳои тиббии воридкунандаро то интиқоли онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

7.Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер 500 сомониро ташкил медиҳад.

Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-24, бо телефонҳои 221-14-45, 233-77-56, 918 31 88 31 ва сомонаи www.dushanbe.tj, email: zokirk@ayndex.com то санаи 13 феврали соли 2015 муроҷиат намоянд.

Рӯзи гузаронидани тендер 16-17 феврали соли 2015, соати 14:00

Макони баргузории тендер: Бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко-69.

Эзоҳ: Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 12:00-и 16 феврали соли 2015.

 

 

Замима

                                                   ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

                                                        №28 аз 29 январи соли 2015

                                                          

                                                      Шартҳои

тендерӣ ҷиҳати интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тиббӣ ба иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ барои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

       1. Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (бо тарзи электронӣ) бояд на дертар аз 3 рӯз то санаи баргузор гардидани маҷлиси комиссияи тендерӣ (кушодани лифофаҳо) пешниҳод гардад.

2. Пешниҳоди тендерии довталаб бо дарҷи муҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши он бевосита аз ҷониби субъектҳои истеҳсолкунанда ва ё дар ҳолати аз ҳуқуқи таҳвили бевосита даст кашидани истеҳсолкунандагон, танҳо аз ҷониби як сохторе, ки худи молистеҳсолкунанда интихоб менамояд ва аз истеҳсолкунанда таҷҳизотро дастрас ва ба иншоот бе иштироки субъектҳои миёнарав ворид месозад, бояд ирсол гардад ва арзиши таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири соҳаи тибро бо инобати хароҷотҳои нақлиётӣ, васл, санҷиш, ҷуркунӣ (пуско-наладочные работы) ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута бо муҳлати кафолатӣ барои 2 сол дар бар гирад.

3. Довталаб ҳамзамон ба комиссияи тендерӣ чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бояд ирсол намояд:

3.1. Шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ;

3.2. Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ  тасдиқ мекунанду на тезтар аз 30 рӯз то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст;

3.3. Маълумот оид ба таҷрибаи амсоли таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба кишварҳои сайёра бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир;

3.4. Номгӯйи таҷҳизоти тиббии таҳвилшаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, завод, сертификати сифат, дастурамали истифодабарӣ ҳатман бо забони русӣ, нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон;

3.5. Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ;

4. Шартҳои таҳвили таҷҳизот: талаботи ИНКОТЕРМС 2010, CIP Душанбе (майдончаи сохтмонӣ).

       5. Довталаб метавонад дар як ва ё якчанд лотҳо иштирок намояд.

6. Довталабе, ки дар тендер ғолибият ба даст меорад, бояд номгӯи таҷҳизотҳои тиббии воридкунандаро то интиқоли онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

7. Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер 500 сомониро ташкил медиҳад.

 

Annex

To the Decree of Head of Dushanbe City

  28    from  29.01. 2015

 

Special conditions for tender of supply modern equipment for the project of “Multipurpose hospital of Dushanbe city for 650 hospital beds and 800 out-patient visits a day” for Dushanbe city, the capital of Tajikistan

 

1.                    Request for participation on tender (through electronic communication) has to be submitted not later then 7 days before the date of opening of tender proposals

2.                    The proposals should include delivery time, cost estimation which comes directly from supplier’s subject and in case if the supplier refuses from the delivery he may uses authorized by him structure but only one that may without mediator deliver to the project site modern medical equipment and the cost has to include delivery, testing, commissioning, training of the specialists for using the equipment and 2 years guarantee period.

3.                    Bidders has to submit to tender commission following documents:

a.                  Certification about registration as legal entity, daughter firm of the foreign company and discharge (enquire) from the single Reestr of private legal entities

b.                 Certificate from tax organization about absence of debts of taxes other payables for state budget of all levels and extra-budgetary state organization not earlier then 30 days before of tender deadline

c.                  Information of the applicant about delivery of equipment with it’s costs of each item outside of the country  during last 3 years.

d.                 Each item has to be accompanied by country of origin, quality certificate, operating manuals (in Russian obligatory), prices in local currency Somoni and equivalent in USD on the current course of the National Bank of Tajikistan

e.                  Bank guarantee should be submitted and should be 2% from total the cost of proposal.

4.                     The delivery has to be proceeded in accordance with CIP Dushanbe (INCOTERMS 2010) till construction site

5.                    Applicant has the right to participate on 1 or more lots

6.                    Successful bidders has to register importing medical equipment in the State inspection service over pharmaceutical activity of the Ministry of health and social protection of population of the Republic of Tajikistan before shipment.

7.                     The non-refundable fee for participation is 500 Tajik somoni.