Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 February 2015

Ба таваҷҷӯҳи субъектҳои соҳибкории шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №224 аз 6 апрели соли 2010 «Дар бораи гузаронидани озмуни Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе», ҳамасола озмуни Соҳибкори беҳтарини шаҳри Душанбе» доир мегардад.

Озмуни мазкур аз рӯи 18 номинатсия дар ду давр - даври аввал то 1 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва даври дуюм байни ғолибони даври якум то 1 апрели соли 2015 баргузор мегардад.

Ғолибон аз рӯи ҳар як номинатсия бо дипломҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва «Пешсафи соҳибкорони шаҳри Душанбе» бо Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва Ҷоми фахрии Ғолиб сарфароз мегарданд.

Супоридани Ифтихорномаи шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар расми таҷлили Рӯзи пойтахт сурат мегирад.

Аз соҳибкорони пойтахт хоҳиш карда мешавад, ки маводҳои заруриро барои иштирок аз комиссияҳои тадорукотии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дастрас намуда, дар озмун фаъолона иштирок намоянд.

 

Комиссияи шаҳрии озмунӣ