Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 February 2015

Қарори раиси шаҲри Душанбе №5-1 аз 09.01.2015

Дар бораи ташкили маъракаи ободонӣ, сабзкорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани иншоот ва гирду атрофи коргоҳҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ – марти соли 2015

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободонӣ, сабзкорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани иншоот ва гирду атрофи коргоҳҳо, мутобиқи моддаи 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон   «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкили маъракаи ободонӣ, сабзкорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани иншоот ва гирду атрофи коргоҳҳо дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе дар моҳҳои январи – марти соли 2015» тасдиқ карда шавад.

2. Раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ – Қурбонов А.Ҷ., Сино – Сафаров З.А., Фирдавсӣ – Алиев С.А., Шоҳмансур – Бобоев С.Қ., сардори КВД таҷрибавии илмию истеҳсолии «Сабзкорӣ» - и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Халикова Т.М., директорони боғҳои фарҳангу фароғатӣ, роҳбарони корхонаю идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъоляткунанда вазифадор карда шаванд, ки:

- дар мавзеъҳои сабзкорӣ пеш аз ҳама ба сифати ниҳолҳо, тарзи шинонидан, низоми обдиҳӣ ва нигоҳубини онҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд;

- тозаву озода нигоҳ доштани иншоот ва гирду атрофи коргоҳҳоро ба роҳ монанд;

- аз ҳашарот эмин мондани дарахтон ва коркарди кимиёвии дарахту буттаҳои кӯчаву хиёбонҳоро таҳти назорат гиранд.

3. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ