Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2015

Ҳамоиши тарроҳон ва роҳбарони субъектҳои саноати дӯзандагии пойтахт баҳри густариши раванди истеҳсоли сару либоси мактабӣ барои эҳтиёҷоти мактабиён ва либосҳои шинами корӣ барои кормандони дигар соҳаҳои хоҷагидории шаҳр 14 феврали соли 2015, соати 10-00 дар  бинои намоишгоҳи ҶДММ “Ёқут-2000” бо ибтикори масъулини шаҳрдорӣ доир карда мешавад.

Ин ҳамоиш дар доираи татбиқи «Соли соҳибкории истеҳсолӣ ва иқдомоти креативӣ» эълон гардидани соли 2015 дар шаҳр ҷиҳати иҷрои дастурҳои Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз 2 феврали соли ҷорӣ сурат гирифта, баҳри дастгирии истеҳсолотчиёни ватанӣ, таъмини рақобат ва бо роҳи пешниҳоди моли хушсифат ба даст овардани боварии истеъмолкунандагони шаҳр роҳандозӣ мегардад.