Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2015

 

Дар бораи  Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015  бармеоянд

         Бо мақсади татбиқи бемайлони иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 зикр гардидаанд,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба инобат гирифта шавад, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 дар маҷлиси васеи машваратӣ  26  январи соли 2015  бо иштироки роҳбарони мақомоту сохторҳои шаҳрӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо мавриди омӯзиш ва  татбиқи амалӣ  қарор дода шуд.

2. Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 бармеоянд, тасдиқ карда шавад.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоту сохторҳои марбутаи шаҳр  иҷрои бемайлони Нақшаи чорабиниҳои  мазкурро таъмин намуда, аз натиҷааш ҳар се моҳ  ба Раиси шаҳри Душанбе ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва  иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси ҷараёни иҷрои Қарори мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе  Улмасов Ф.У.  гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ