Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №48 аз 03 феврали соли 2015

 

Дар бораи солимгардонии муҳити зист ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода)»

 

Бо мақсади ҳифзи муҳити зист, ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва захираву истифодаи мақсадноки дарахтони бартарафшавандаи ҳудуди иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода)» ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №577 аз 19 декабри соли 2014 «Дар бораи ғолиби тендер» ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, беҳбуд бахшидан ба ҳолати техникии роҳҳо ва бо инобати хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ аз 14 январи соли 2014, муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур №1/107 аз 16 январи соли 2015, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ №57/1 аз 21 январи соли 2015 ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе №58/1-1 аз 20 январи соли 2015, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1.   Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун фармоишгар, дар асоси санадҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе №04 ва 08 аз 15 январи соли 2015 ва хулосаи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба аз байн бурдани дарахтони ба рафти сохтмон монеашаванда аз 14 январи соли 2015, дарахтони иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода)»-ро тибқи лоиҳа бартараф намуда, баҳри таъмини беҳдошти муҳити зист, риояи меъёрҳои экологиро амалӣ намуда, ба ҷойи дарахтони бартарафшаванда тибқи нақшаи замимагардида шинонидани ниҳолҳоро таъмин ва дар асоси санади дахлдор бобати нигоҳубини оянда онҳоро ба тавозуни Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Исмоили Сомонӣ супорад.

2.   Дарахтони бартарафшавандаро дар ҳаҷми умумии 463 (чорсаду шасту се) м3, тибқи муроҷиатҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансур 337 (сесаду сиву ҳафт) м3, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  51 (панҷоҳу як) м3 ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе 75 (ҳафтоду панҷ) м3 дар асоси борхат ҷудо намояд.

3.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

4.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

 

  М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

 

 

Замима

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

48 аз 03 феврали соли 2015

 

Нақшаи

шинонидани дарахтон дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода)»

 

№ р/т

Намуди дарахтон

Воҳиди ченак

Миқдор

Муҳлати шинонидан

Эзоҳ

1

2

3

4

5

6

1.

Зирфун (липа)

адад

216

20.10. то 10.11.2015

 

2.

Гули товус (дороки испанӣ)

адад

216

10.11. то 20.11.2015

 

4.

Коштани чаман

м2

2235

1.11. то 20.11.2015