Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 February 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №51 аз03 феврали соли 2015

 

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода 

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода)», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаи Беҳзод, аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода марҳила ба марҳила, аз ҷумла:

- аз кӯчаи Н. Муҳаммад то буриши кӯчаи М.Турсунзода, аз 15 феврал  то 15 майи соли 2015;

- аз буриши кӯчаи М.Турсунзода то буриши кӯчаи Лоҳутӣ, аз 16 май то 15 июли соли 2015:

- аз буриши кӯчаи Лоҳутӣ то кӯчаи Дӯстии халқҳо, аз 16 июл то 15 ноябри соли 2015 ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда шаванд.

2.            Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Саидов Ф.Ҳ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Насимов А.Ғ.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе (Камолов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз иншооти «Азнавсозии кӯчаи Беҳзод (аз кӯчаи Дӯстии халқҳо то гузаргоҳи 1-уми кӯчаи М.Турсунзода)» мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.  Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (С.Ҷурахонзода) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯӣ намояд.

4.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншоотҳои мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

5.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад. 

М. УБАЙДУЛЛОЕВ