Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 February 2015

9 феврали соли 2015 ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мухталифи хоҷагидории шаҳр дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев  баргузор гардид.

Дар радифи  роҳбарони тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳрӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инчунин масъулини сохторҳои ноҳиявии мақомоти шаҳрӣ дар кори ҷаласа ширкат варзиданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии амиқи масоили мубрами ҳаёти шаҳрдорӣ аз кулли иштирокдорон, ки масъулияти роҳбарии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагидории шаҳрро ба зимма доранд, даъват ба миён овард, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо ҷалби васеи ҷамоатчигӣ таври фарогир роҳандозӣ намудани фаъолияти ташкилотчигӣ,  бе саҳлангорӣ муносибат намуда, оид ба аз рӯи талаботҳои оинномавӣ ташкил кардани хизматрасонӣ  ба сокинон чораҳои муассир андешанд.

Ҷиҳати амалан дар марзи маъмурии шаҳр татбиқ намудани ин муқаррарот  аз прокуратураи шаҳр  даъват ба миён овард, ки бо ҷалби прокуратураҳои ноҳиявӣ шуруъ аз 10 феврали соли 2015 фаъолияти роҳбарони сохторҳои зидахли шаҳрию ноҳиявиро дар иҷрои вазифаҳои таъинотӣ  мавриди назорат ва санҷиши доимӣ қарор диҳад.

Ҳамзамон бобати риояи муқаррароти Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, санитарӣ ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе, қабл аз ҳама дар самти беҳдошти муҳити зист, таҳкими талқини фарҳанги шаҳрнишӣ миёни сокинон дастур гардид, ки ҷалби васеи институти волонтёрӣ  таъмин карда шавад.

Гузашта аз ин, бо инобати фарорасии фасли мусоиди сол барои идомаи маъракаҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ ва оғози корҳои ободонӣ, қабл аз ҳама таъмири ҷории роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобшуда, Раиси шаҳр дастур фармуд, ки тавозундори роҳҳо дар шаҳр – Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо бо ҷалби васеи субъектҳои соҳибкорию сокинони шаҳр  раванди барқарорсозии қитъаҳои харобшудаи роҳҳои маҳаллагузарро  вусъат бахшанд.

Инчунин зимни пажӯҳиши масъала Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд,  ки тамоми кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе то давраи соҳибистиқлолӣ аз рӯи вазн дар меҳвар 6-10 тн.  ҳисоб ва сохта шудааст, ки ин нишондод аз стандартҳои байналмиллалӣ кам буда, барои ба талаботҳои имрӯза ҷавобгӯ намудани он лоиҳаҳои омодашаванда ба 11 тн. вазн дар меҳвар вобаста аз моҳияти хиёбон, кӯчаю роҳҳо ҳисоб карда мешавад, ки ин муқаррарот азнавсозӣ ва хобонидани қабатҳои иловагии ҷодаи роҳро талаб менамояд, ки барои амалӣ намудан ба ҳар 1 км роҳ 138 ҳазор сомонӣ маблағи иловагӣ зарур мебошад.

Вобаста аз он, ки татбиқи ташаббусҳои сохтмонии шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар шаҳр дар доираи татбиқи Нақшаи генералӣ ва амалисозии сиёсати дастгирии соҳибкорӣ асосан дар шаҳраку  маҳаллаҳои аҳолинишин сурат мегирад ва дар раванди корҳои сохтмонӣ аз техникаҳои вазнашон аз меъёри муқаррарӣ зиёд, ки боис ба харобшавии роҳҳо мешаванд, истифода мегарданд, дар ҷаласа қарор гардид, ки минбаъд дар шаҳр дилхоҳ Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе оид ба иҷозат додан барои сохтмон бидуни саҳмгузорӣ дар барқарору нигаҳдории минтақаи роҳи истифодашаванда аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба тасвиб нахоҳад расид.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ҳолати зимистонгузаронӣ ва фаъолияти шабонарӯзии ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ дар ин хусус, сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, бо ғамхориҳо фаро гирифтани маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, риояи танзими расму оин, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, пешгирии савдои кӯчагӣ, роҳ надодан ба зиёдаравиҳо дар иҷрои фаризаҳои динӣ, иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихоботӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, риояи интизоми меҳнат дар мақомоти давлатӣ ва омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ  матраҳ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.