Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2015

Бо  мақсади дарёфт ва мавриди баррасиву муҳокима қарор додани шикояту муроҷиати истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз пешниҳоду ба муомила баровардани маҳсулоти бесифати истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагони кору хизматрасонӣ, молу маҳсулоти номатлубу ғайристандартии фурӯшандагон ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) дар сомонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе “Бе миёнаравҳо” www.bemiyonaravho.tj бахши нав «Ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  фаъол шуд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд арзу шикоят ва муроҷиатҳои хешро дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқҳояшон дар мавриди хариду дастрасии мол, кору хизматрасонии муносиб ва босифат поймол гардидааст ва дар натиҷаи он зарар дидаанд ё ба зиён дидан мусоидат менамояд, ба шаҳрдорӣ дар ин бахши сомона иттилоъ дода, посухи дахлдор гиранд.

Ҳамзамон, шаҳрдорӣ аз маълумот пешниҳод намудани сокинон ва ташаббускорони аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои пешгирӣ аз фуруш ва дар муомила қарор доштани молу маҳсулот ва кору хизматрасоние, ки аз натиҷаи он истеъмолкунандагон метавонанд ба зарару зиён дучор оянд, истиқбол намуда, пешопеш аз ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум миннатдор мебошад.