Муасисаи давлатии «Душанбе Плаза»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 February 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 59-1 аз 3 феврали соли 2015

Дар бораи чораҳо оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кўчаи Гагарин (аз хиёбони Рўдакӣ то маҳаллаи Хуҷамбиё 

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти «Азнавсозии кўчаи Гагарин (аз хиёбони Рўдакӣ то маҳаллаи Хуҷамбиё)», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва моддаҳои 10, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракати роҳ» 

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.  Дар роҳҳои автомобилгарди кўчаи Гагарин, аз хиёбони Рўдакӣ то маҳаллаи Хуҷамбиё марҳила ба марҳила, аз ҷумла:

- аз назди бинои Ҷамъияти саҳомии истеҳсолӣ - саноатии “Гулдаст” то маҳаллаи Хуҷамбиё, аз 15 феврал  то 15 майи  соли 2015;

- аз хиёбони Рўдакӣ то назди бинои Ҷамъияти саҳомии истеҳсолӣ- саноатии “Гулдаст”, аз 16 май то 1 августи  соли 2015 ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда шаванд.

2.           Вобаста ба муқаррароти банди 1 Қарори мазкур Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Саидов Ф.Ҳ.), шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Насимов А.Ғ.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Камолов Ф.) самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро, ки аз иншооти «Азнавсозии кўчаи Гагарин (аз хиёбони Рўдакӣ то маҳаллаи Хуҷамбиё)» мегузарад, ба кўчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.   Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (С.Ҷурахонзода) ҷиҳати таъмини ҳаракати нақлиёт дар кўчаҳои ҳамшафат, бо дарназардошти гузоштани аломатҳои роҳ ва таъмини ҳаракати шаҳрвандон, чораҷӯўӣ намояд.

4.   Аз роҳбарони корхона, идора, муассиса, ташкилот ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, хоҳиш карда шавад, ки бобати ҳалли  мушкилоти хатҳои муҳандисии иншоотҳои мазкур ба фармоишгар - Муассисаи давлатии  «Раёсати  сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории  роҳҳою кўпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

5.   Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. гузошта шавад.

 М. УБАЙДУЛЛОЕВ