Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 July 2010

ХАРИДИ  ВОСИТАҲОИ  НАҚЛИЁТИ  ВА    ТАҶҲИЗОТҲО 

 

Номгуи лоиҳа

Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе»

давлат

Тоҷикистон

Бахши фаъолият

Инфраструктураи муниципали ва экологи

Раками мушаххаси Лоиха

38901

Манбаъи маблағгузори

Бонки Аврупоии Тачдид  ва Рушд

Намуди Қарордод

Молу хизматрасонӣ

Намуди огохонидан (эълон)

Даъват барои иштирок дар озмуни харид

Санаи пешниҳод

29  июни соли 2010

Мўҳлати охирин

16 августи соли 2010, соати 10.00 бо вақти Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Даъвати мазкур барои иштирок дар Озмуни харид дар асоси Огоҳинома оид ба Хариди Умуми барои Лоиҳаи мазкур, ки  8 марти соли 2010  дар веб-сайти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд интишор шудааст, пешниҳод мегардад.

 

Шаҳри Душанбе (Харидор), минбаъд ҳамчун «Харидор», истифодабарии қисми маблағҳои Қарзӣ ва Грантии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (Бонк) дар қисмати масрафҳои Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе» пешбинӣ намудааст.

 

Харидор ҷиҳати пешниҳоди лифофаҳои маҳкамкардашуда аз ҷониби довталабон барои озмун ва Қарордоди зерин, ки аз ҳисоби маблағхҳои Қарзӣ ва Гранти амалӣ мегарданд, даъват менамояд:

 

·           Лот 2.1 (DSWMP- GDS-02 -01):  Мошинаи махсуси партовкаши -11 адад, мошинаи махсуси обкаши -5 адад ва мошинаи боркаш -1адад.

 

·           Лот 2.2 (DSWMP-GDS-02-02): тарозуи калони 60 тонна - 1адад, мошинаи борбадор-1адад, булдозер-1адад, механизми мустаҳкамкунанда-2 адад ва  кран балкаи  5 тонна-1 адад.

 

·           Лот 2.3 (DSWMP- GDS-02 -03):  Мошинаи хурди мусофиркаш -5 адад мошинаи хурди партовбарорӣ -1адад, таҷҳизот барои коркарди лампаҳои каммасрафи аз кор баромада  -1 адад, ва либоси махсус барои  коргарон.

 

 

Пешниҳоди даъват ба як ва ё зиёда аз як лот мумкин аст. Ҳар як лот бояд дар алоҳидагӣ баҳо дода шавад. Пешниҳод барои як ва зиёда аз як лот метавонанд бо тахсис пешниҳод карда шавад ва чунин пешниҳодҳо ҳангоми баҳогузорӣ ба назар гирифта мешаванд.

 

Озмуни харид, ки аз ҳисоби маблағҳои Қарзӣ ва Грантӣ амалӣ мегардад, барои тамоми шахсони ҳуқуқи ва  давлатҳо кушода мебошад.

 

Барои ноил гардидан ҷихати баррасии пешниҳодҳо, довталабон бояд ба талаботҳои минималии зерин чавобгўй бошанд:

 

Лот 2.1

a) Гардиши солонаи миёнаи маблағҳои довталабон бояд на кам аз 3,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил намояд, ки дар асоси пардохтҳои умумии иҷрои Қарордодхо дар се соли охир ҳисоб карда мешавад.

 

 b) Таҷрибаи кор ҳамчун таҳвилкунанда (Поставщик) на кам аз 3 (се) қарордод дар давоми панч соли охир бо маблаги на кам аз 0,8 миллион доллари ИМА (ҳар як қарордод), ки бо муваффакият иҷро карда шудаанд. 

Лот 2.2

a) Гардиши солонаи миёнаи маблағҳои довталабон бояд на кам аз 2,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил намояд, ки дар асоси пардохтҳои умумии иҷрои Қарордодхо дар се соли охир ҳисоб карда мешавад.

 

 b) Таҷрибаи кор ҳамчун таҳвилкунанда (Поставщик) на кам аз 3 (се) қарордод дар давоми панч соли охир бо маблаги на кам аз 1, 0 миллион доллари ИМА (ҳар як қарордод), ки бо муваффакият иҷро карда шудаанд. 

 

 

Лот 2.3

a) Гардиши солонаи миёнаи маблағҳои довталабон бояд на кам аз 0,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил намояд, ки дар асоси пардохтҳои умумии иҷрои Қарордодҳо дар се соли охир ҳисоб карда мешавад.

 

 b) Таҷрибаи кор ҳамчун таҳвилкунанда (Поставщик) на кам 0,2 миллион доллари ИМА (ҳар як қарордод), ки бо муваффақият иҷро карда шудаанд. 

 

Таҳвилкунандагон (ғолибони озмун) бояд воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизотҳоро дар мўҳлати муайянгардида, ки 4 (чор) моҳро баъд аз имзои қарордод ташкил медиҳад, ба харидор дастрас намоянд.

 

Ҳуҷҷатҳои тендериро аз нишонии дар поён зикргардида, баъд аз пардохти маблағи ҳаққи иштирок (150 доллари ИМА), ки баргардонида намешаванд ва ба суратҳисоби зайл бояд пардохт карда шаванд, дастрас намудан мумкин аст:

 

 

Номгўй: Ташкилоти масъул

Маркази Татбики Лоихаи Идоракунии партовхои сахти маишии шахри Душанбе (МТЛ)

Раками  ҳисоб :

20206 840 100 000 003 391 USD

Номгўи бонк:

ҶСК “ТОЧИКСОДИРОТБОНК

МФО 350101216

Нишонии бонк:

734013, к. Беҳзод 47, Душанбе, Тоҷикистон

СВИФТ- код:

TOJITJ22

Бонки Корреспондентӣ:

Commerzbank, Frankfurt, Germany

Ҳисоб

 400 88 666 75 00

СВИФТ:

 COBADEFF

 

Баъди дастрас намудани дурустии пардохти маблағи ҳаққи иштирок дар озмун, ҳуччатҳои озмун ба довталабон расонида мешавад. Ҳамзамон МТЛ барои гум шудан ё дер расонидани ҳуҷҷатҳои озмун масъулият надорад. Дар ҳолати зарурӣ ҳуҷҷатҳои озмун ҳамчунин тавассути почтаи электронӣ низ ирсол карда мешаванд. Дар ҳолати номувофиқ будани пешниҳоди тавассути чопӣ ё электронӣ пешниҳодшуда, варианти пешниҳоди чопӣ дуруст хисобида мешавад.

 

Пешниҳодҳои озмунӣ бояд кафолати бонкӣ, ки на кам аз 2,5 фоиз аз ҳаҷми умумии қарордод бо доллари ИМА ё эквиваленти конвертатсияшавандаи онро ташкил менамояд, дошта бошанд. 

 

Пешниҳодҳои озмун бояд ба суроғаи дар поён зикршуда то 16 августи соли 2010 соати 10.00 (бо вақти маҳаллӣ) пешниход карда шаванд.

Пешниходхо 16 августи соли 2010 соати 10-00 дар ҳузури довталабон, ки хоҳиши иштирок зохир намудаанд, кушода мешаванд. 

 

Довталабони потенсиалӣ метавонанд маълумоти иловагиро ё ҳамчунин баррасӣ ё дастрас намудани ҳуҷҷатҳои озмунро аз суроғаи дар поён зикршуда пайдо намоянд:

 

Маркази Татбиқи Лоиҳа

Лоиҳаи Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе

к. Н. Қарабоев 48, Душанбе-734018

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тел.: +992372333536

E-mail: piu_dswmp@mail.tj