Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 February 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 74 аз  12.02.2015

 

Дар бораи таҷлили сазовори 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина тақвият бахшидан ба  ҳисси меҳанпарастии ҷавонон, садоқат ва хизмати арзанда ба Ватан ва қадршиносии хизматҳои содиқонаи афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

 

1.     Нақшаи замимагардидаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва тартиби ташкили вохўриҳои роҳбарияти сохторҳои шаҳрӣ дар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе вобаста ба таҷлили бошукўҳи 22-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаҳои 1 ва 2тасдиқ карда шавад.

2.     Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати иҷрои ҳатмии Нақшаи чорабиниҳои зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.

3.     Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» (Юнусов Н.И.) ва Корхонаи воҳиди давлатии «Таҷрибавӣ- истеҳсолӣ  оид  ба  шаклҳои  хурди  меъморӣ»-и  шаҳри  Душанбе  (Сафаров А.Ф.) ороиши бадеии шаҳрро ба муносибати таҷлили ҷашни мазкур таъмин намоянд.

4.     Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе (Ҷурахонзода С.) дар ҳамкорӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (Нуралиев З.С.) ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

     

5.     Шуъбаи  таҳлилӣ  ва иттилоотии  дастгоҳи  Раиси  шаҳри  Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ