Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 February 2015

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 73 аз 12.02.2015

 

Дар бораи баргузории чорабинӣ бахшида ба 26 солагии баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон дар назди муҷассамаи А. Мироненко

 

Муроҷиати Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон №40-57 аз 19 январи соли 2015 дар хусуси додани иҷозат барои гузаронидани чорабинӣ бахшида ба 26-солагии баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон дар назди муҷассамаи А. Мироненкоро баррасӣ намуда, бо мақсади арҷгузорӣ ба корнамоиҳои афсарону сарбозоне, ки дар сафи Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар марзи Афғонистон қарзи башардӯстонаи худро иҷро намудаанд ва поси хотири ҷовидонаи онҳо, инчунин тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ифтихор аз корнамоиҳои далеронаи  башардӯсти ҷавонони шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.     Барои гузаронидани чорабинӣ бахшида ба 26-солагии баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон дар назди муҷассамаи А.Мироненко санаи 15 феврали соли 2015 аз соати 8-00 то 10-00 иҷозат дода шавад.

2.     Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Сино ҷиҳати баргузории чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад.

3.     Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута то таҷлили 70 – солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 тибқи нақшаи замимагардида, дар доираи «Ҳафтаи хотира» баргузории чорабиниҳои гуногунмазмунро дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ  ба роҳ монад.

 

4.       Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», риояи Маромномаи сокини пойтахт дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо чораҳои зарурӣ  андешанд.

5.     Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) инъикоси Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ таъмин намояд. 

6.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова  Р.А.  гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ