Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 February 2015

16 феврали соли 2015 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ бо ширкати роҳбарони субъектҳои шаҳрӣ баргузор гардид.

Қабл аз ҳама дар ҷаласа бобати таъминоти нишондодҳои молиявӣ ба буҷети шаҳр дар соли ҷорӣ  масъалаи мақсаднок истифодабарии моликияти коммуналӣ ва бо низоми соддакарда ба иҷорадиҳии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати мусоидат намудан ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз ҷумла дар заминаи  моликияти коммуналии баиҷорагирифта аз ҷониби соҳибкорон намудҳои гуногуни хизматрасонӣ ба сокинон пешниҳод карда мешаванд ва ҳамзамон яке аз манбаъҳои ғановати буҷети шаҳр маҳсуб меёбанд, ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки  баҳри аз байн бурдани  механизмҳои бюрократӣ масъалаи имконияти аз тарафи  роҳбарони муассисаҳои давлатии шаҳрӣ тибқи нархҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор муқарраргардида бастани шартномаҳои иҷоравиро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин баррасӣ намуда, ҷиҳати мавриди амал қарор додани он лоиҳаи Қарори марбутаи Раиси шаҳрро омодаву пешниҳод намоянд. 

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои ҳолати зимистонгузаронӣ, таъминот ва сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр, вазъи санитарию экологӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ва фаъолияти инфрасохтории партовгоҳи шаҳрӣ, пешгирии савдои кӯчагӣ, боздошту безараргардонии сагҳои дайду, назорати муқаррароти қонунгузорӣ оид ба манъ будани нигаҳдошту парвариши чорвои хурду калон дар марзи шаҳр, насбу фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ дар кулли иншооти дар ҳудуди шаҳр мавҷудбуда, ҳолати санитарии каналҳои маргузари дар тавозуни сохторҳои марбута қарордошта матраҳ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа қарор гардид, соли ҷорӣ истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳр тариқи тақвими зайл: 21 март  тантанаҳо дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо, 23 март чорабинии шаҳрӣ дар Боғи “Наврӯзгоҳ” ва 24 март  маъракаи сабзкорӣ, баргузор карда мешаванд.