«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 February 2015

ҚАРОРИ РАИСИ  ШАҲРИ  ДУШАНБЕ №88 аз 12.02.2015

 

Дар бораи баргузории мусобиқаи футбол

барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ»

 

Бо мақсади иҷрои банди 4.1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2014-2015», ки бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе №514 аз 11 ноябри соли 2014 тасдиқ гардидааст ва рушду инкишофи минбаъдаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе, оммавӣ гардонидани машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, густариши футбол ва ҷалби бештари аҳолӣ ба ин намуди варзиш, истифодабарии самараноки иншоотҳои варзишии сохташуда дар шаҳри Душанбе бо инобати муроҷиати Федератсияи футболи шаҳри Душанбе №40-56 аз 16 январи соли 2015,  мутобиқи моддаҳои 19 ва 20  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М

1.Тартиб ва тақвими замимагардидаи баргузории мусобиқаи футбол барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» тасдиқ ва ба инобат гирифта шавад, ки  ҷамъбасти мусобиқа дар  доираи таҷлили Рӯзи пойтахт амалӣ ва ғолибон қадрдонӣ карда мешаванд. 

2.Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе бо Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқа чораҳои зарурӣ андешида, ҷалбу фарогирии дастаҳои футболбозони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳрро таъмин намоянд.

3.Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», риояи Маромномаи сокини пойтахт дар рӯзҳои баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланду бо иштироки доираи васеи мардум баргузоршаванда чораҳои зарурӣ  андешанд.

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе (Ҳамроев Д.Т.) барои инъикоси Қарори мазкур тавассути воситаҳои ахбори оммаи чопию электронӣ чораҳои зарурӣ андешад.

5.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини  Раиси  шаҳри  Душанбе Қурбонова Р. А. гузошта шавад.

М. УБАЙДУЛЛОЕВ