Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 February 2015

        Комисияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе №28 аз 29 январи соли 2015 «Дар бораи баргузории тендери такрорӣ» оиди интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳаи тибби иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» -марҳилаи дувоздаҳум барои:

-Лоти №1 «Таҷҳизот барои ташхиси нурӣ»;

-Лоти №2 «Дастгоҳҳои назорати ҳолатҳои клиникӣ»;

-Лоти №3 «Таҷҳизоти озмоишгоҳӣ»;

-Лоти №3а «Таҷҳизот барои ташхиси гистологӣ ва ситологӣ»;

-Лоти №4 «Дастгоҳҳо барои ҳуҷраи физиотеропевтӣ»;

-Лоти №5 «Таҷҳизот барои толорҳҳо/ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ»;

-Лоти №6 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби гӯшу гӯлу ва бинӣ (ЛОР)»;

-Лоти №7 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби бемориҳои чашм (офтальмолог)»;

-Лоти №8 «Таҷҳизот барои ҳуҷраи табиби кӯдакона ва неонатолог»;

-Лоти №9 «Таҷҳизот барои ташхиси даруннигарӣ (эндоскопия)»;

-Лоти №10 «Таҷҳизот барои узвҳои нафаскашӣ (распираторная)»;

-Лоти№11 «Нақлиёти санитарӣ ва таҷҳизотҳои иловагӣ»;

-Лоти №12 «Таҷҳизоти стоматологӣ»;

-Лоти №13 «Таҷҳизоти ташхиси функсионалӣ»;

-Лоти №14 «Таҷҳизоти биотиббӣ»;

-Лоти №14а «Таҷҳизот барои таъмири нақлиёти тиббӣ»;

-Лоти №15 «Таҷҳизоти тиббӣ барои ҳӯҷраҳои табобатӣ дар шуъбаҳои беморхона»;

-Лоти №16 «Таҷҳизот барои хӯроктайёркунӣ дар ошхона;

-Лоти №18 «Панелҳои болоикатии беморон ва воситаҳои овезон»;

-Лоти №19 «Таҷҳизоти безараргардонӣ (автоклав)»;

-Лоти №20 «Таҷҳизот барои маитхона»;

-Лоти №21 «Оргтехника ва дастгоҳҳои назоратӣ аудио ва видеогӣ»;

-Лоти №22 «Таҷҳизот барои ҷомашӯйхона»;

-Лоти №23 «Таҷҳизоти фармасевтӣ»;

--Лоти№24 «Ашёҳо ва воситаҳои хоҷаҷагидорӣ»;

-Лоти №25 «Маводҳо ва воситаҳои масрафшаванда»;

-Лоти №26 «Инвентари мулоим»;

-Лоти №27 «Тренажерҳои таълимӣ ва таҷҳизоти намунасозӣ (симуляционная)»;

-Лоти №27а «Монитор барои беморон»

 

ТЕНДЕР АЗ ТАРИҚИ ИШТИРОКИ НОМАҲДУД БО МАҲДУД НАМУДАНИ МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ДАРХОСТИ ТЕНДЕРӣ ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.

 

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ тибқи Шартҳои махсуси тендер ҷиҳати интихоби молрасони таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири соҳаи тиббӣ ба иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» дар шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок карда метавонанд

1.Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (бо тарзи электронӣ) бояд на дертар аз 3 рӯз то санаи баргузор гардидани маҷлиси комиссияи тендерӣ (кушодани лифофаҳо) пешниҳод гардад.

2.Пешниҳоди тендерии довталаб бо дарҷи муҳлати таҳвили таҷҳизот ва арзиши он бевосита аз ҷониби субъектҳои истеҳсолкунанда ва ё дар ҳолати аз ҳуқуқи таҳвили бевосита даст кашидани истеҳсолкунандагон, танҳо аз ҷониби як сохторе, ки худи молистеҳсолкунанда интихоб менамояд ва аз истеҳсолкунанда таҷҳизотро дастрас ва ба иншоот бе иштироки субъектҳои миёнарав ворид месозад, бояд ирсол гардад ва арзиши таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири соҳаи тибро бо инобати хароҷотҳои нақлиётӣ, васл, санҷиш, ҷуркунӣ (пуско-наладочные работы) ва омӯзонидани кадрҳои соҳавӣ барои таҷҳизот ва дастгоҳҳои марбута бо муҳлати кафолатӣ барои 2 сол дар бар гирад.

3.Довталаб ҳамзамон ба комиссияи тендерӣ чунин ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бояд ирсол намояд:

3.1.Шаҳодатнома оиди бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, филиали шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иқтибос аз Феҳрасти ягонаи давлатӣ;

3.2.Маълумотномаи нозироти андози макони қайди иштирокчии тендер, ки набудани қарзҳои ба таъхирмондаро оид ба пардохтҳо ба буҷетҳои ҳамаи сатҳ ва фондҳои давлатии ѓайрибуҷетӣ  тасдиқ мекунанду на тезтар аз 30 рӯз то ба охиррасии мӯҳлати додани дархост барои иштирок дар тендери мазкур дода шудааст;

3.3.Маълумот оид ба таҷрибаи амсоли таҳвили таҷҳизотҳои тиббӣ ба кишварҳои сайёра бо дарҷи нархи ҳар як таҷҳизот аз рӯи борхатҳои мавҷуда дар давоми 3 соли охир;

3.4.Номгӯйи таҷҳизоти тиббии таҳвилшаванда бо нишон додани давлати истеҳсолкунанда, завод, сертификати сифат, дастурамали истифодабарӣ ҳатман бо забони русӣ, нарх бо сомонӣ ва асъори ИМА бо қурби муайянкардаи Бонки миллии Тоҷикистон;

3.5.Кафолати бонкӣ дар ҳаҷми 2%-и арзиши дархости тендерӣ;

4.Шартҳои таҳвили таҷҳизот: талаботи ИНКОТЕРМС 2010, CIP Душанбе (майдончаи сохтмонӣ).

        5.Довталаб метавонад дар як ва ё якчанд лотҳо иштирок намояд.

6.Довталабе, ки дар тендер ѓолибият ба даст меорад, бояд номгӯи таҷҳизотҳои тиббии воридкунандаро то интиқоли онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

7.Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер 500 сомониро ташкил медиҳад.

 Барои гирифтани маълумотҳои иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ, довталабон метавонанд ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев-24, бо телефонҳои 221-14-45, 233-77-56, 918 31 88 31 ва email: zokirk@ayndex.com то санаи 17 феврали соли 2015 муроҷиат намоянд.

Рӯзи гузаронидани тендер 23 феврали соли 2015, соати 14:00

Макони баргузории тендер: Бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шевченко-69.

Эзоҳ: Мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 12:00-и 20 феврали соли 2015.

 

Ба забони англисӣ