Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 February 2015

Ба директори Шабакаи якуми

Телевизиони Тоҷикистон

Гадоев С. А.

 

Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои (РИР) ноҳияҳои  шаҳри Душанбе бо баррасии гузориши телевизионии барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон, ки субҳ ва нисфирӯзии  24   феврали соли 2015 дар иртибот ба ҳолати нигаҳдорӣ ва бехатарии роҳҳо зимни бартарафсозии бориши барфи пуршиддат бо ғараз ва пайгирии ҳадафи нопок оид ба фаъолияти РИР пахш гардид, қотеъона  талаб менамоянд, ки ба пахши гузоришҳои ғайримунсифона хотима дода шавад.

Ба он маънӣ, ки РИР аз ҷониби ситодҳои доимоамалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ  бобати пешгӯии боду ҳаво ва боришоти барф қаблан огоҳонида шуда, омодагияшон  берун аз хостаҳои гузоришгарон  роҳандозӣ гардида буд.  Бо инобати аз соати 6-и субҳ оғоз гардидани бориши барф,  дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар карда шуданд, ки то соати 12-00 аз ҷониби РИР 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд. Оне, ки гузоришгарони иҷрокунандаи ҳадафҳои нопок ин фаъолиятро нодида гирифта, барои таҳрифи воқеият мусоҳибаҳои пурғараз омода карданд, ба имону виҷдони онҳо ва фаромоишгаронашон ҳавола месозем.

Дигар ин, ки барои мабодо ва ояндаатон дониста гиред, ки техникаҳои барфрӯбӣ  тибқи меъёрҳои роҳсозӣ ВСН 24-88 “Қоидаҳои техникии таъмир ва нигоҳдории роҳҳои  нақлиётӣ” танҳо  пас аз 10 см шудани қабати ғафсии барф сафарбар карда мешаванд.

Новобаста аз ин ва таъкидҳои пурғараз маълуматон медорем, ки оид ба  нигаҳдорӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо барои бартарафсозии оқибати бориши барфи пуршиддат дар ноҳияҳои Сино 48 адад, Шоҳмансур 34 адад,  Фирдавсӣ 30 адад ва И.Сомонӣ 24 адад техникаю механизмҳо ва 2447 кормандони РИР сафарбар гардида, тибқи меъёрҳо ҳолати зарурии роҳҳои зертавозунро таъмин намуданд.

Зимнан, талаб менамоем, ки агар дар эҳтироми худ ва касбияти журналистӣ заррае қоил нестед, бо нодида гирифтани  заҳмати сангини кормандони РИР шарафу эътибори онҳоро паст назанед.

 

Бо эҳтиром,  

                     

 Сардори РИР-и ноҳияи Фирдавсӣ                                     Н. Қурбонов  

 

 И.в. Сардори РИР-и ноҳияи Сино                                     Н. Нарзиев

 

И.в. Сардори РИР-и ноҳияи Шоҳмансур                          А. Раҳимов

 

И.в. Сардори РИР-и ноҳияи И. Сомонӣ                            А. Каримов 

 

24 феврали соли 2015