Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
6 March 2015

Ба ифтихори Рӯзи модарон- 8-уми март  ва фарорасии Наврӯзи хуҷастапай шаҳрдории Душанбе мутобиқ ба анъаноти худ  занон- кормандони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва фаъолзанони  шаҳрро бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.

Ин навбат барои қадргардонии 2586 нафар занони роҳрӯб ва  фаъолзанони  пойтахт, ки дар пешрафти шаҳр самҳи бориз доранд тибқи Қарорҳои  марбутаи  Раиси шаҳри Душанбе  наздики 1,7 млн сомонӣ   аз ҳисоби буҷети шаҳр ҷудо карда шуд.

Кӯмаки молиявии мазкур тибқи муқаррароти Раиси шаҳр аз ҷониби масъулини шаҳрдорӣ 5 марти соли 2015 дар расми тантанавӣ ба роҳрӯбони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр тақдим карда шуданд.

Идома бар он нимаи дуюми 6 марти соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ дар доираи таҷлили Рӯзи модарон ва истиқбол аз қудуми мубораки фасли баҳор мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолзаноне, ки дар рушду нумӯи пойтахт саҳми арзанда доранд баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоти тантанавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳоро бо туҳфаву мукофотпулиҳои шаҳрдорӣ қадргардонӣ намуда, дар симаташон кулли модарон ва бонувони шаҳрро бобати саҳми арзандаашон дар ободонию тараққиёт ва ҳамкориҳои рӯзафзунашон дар татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр изҳори сипос намуда, бо ибрози таманниёти самимӣ итминон баст, ки  минбаъд низ нерӯ, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардида, бо тарбияи насли солиму дорои пешаи зиндагии қонунсолорӣ, бо ибрати шахсӣ риоят намудани танзими расму ойин ва роҳ надодан ба исрофкориҳо дар ҳамзистии осоиштаи ҷомеа ва пешрафти шаҳр муваффақтар мегарданд.