Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 March 2015

9 марти соли 2015 таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр бо ширкати роҳбарони субъектҳои алоҳидаи шаҳрӣ баргузор гардид.

Қабл аз ҳама дар ҷаласа масъалаҳои истифодаи мақсадноку таъинотии қитъаҳои замин аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ, пешгирӣ аз ѓасби замин ва сохтмонҳои ѓайриқонунӣ, андешидани чораҳои муассири қонунӣ алайҳи шаҳрвандоне, ки дар самти заминистифодабарӣ нисбати муқаррароти қонун беэътиноӣ зоҳир намуда, ба ҷиноятҳои такрорӣ даст мезананд, пурзӯр намудани назорати прокурорӣ, пеш аз ҳама аз болои масъулини мақомоти зидахли назорати давлатӣ, ки бинобар хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматияшон ба бунёди сохтмонҳои ѓайриқонунӣ боис мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иртибот ба ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи прокурори нави шаҳри Душанбе Хайрулло Саидзодаро бо истифода аз ваколатҳое, ки қонунгузор ба мақомоти прокуратура  муқаррар намудааст нисбати расидагӣ ба масъалаҳои зикршуда ва дар маҷмуъ сафарбарии тамоми имконият бобати беш аз ҳарвақта  таъмин намудани волоияти қонун равона сохт.

Дар ҷаласа, вобаста ба таъмини амнияти истеъмолии шаҳрвандон, вазъи санитарию эпидемиологӣ, риояи қоидаҳои зиддисӯхторӣ ва роҳ надодан ба ѓасби замину сохтмонҳои ѓайриқонунӣ дар ҳудуди бозорҳои коммуналию хусусӣ, дастур гашт, ки қабл аз ҳама фаъолияти КВД «Бозори деҳқон» ва ҶДММ «Шанхай-бозор» аз ҷониби сохторҳои марбута ва прокуратураи шаҳри Душанбе ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии соҳибкории ватанӣ комилан ва таври касбӣ таҳқиқ карда шаванд. Дар ин росто, бо мақсади таъмини муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор карда шуд, ки фаъолияташро дар самти назорати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави шаҳр пурзӯр намояд.

Ҳамзамон дар ҷаласа инчунин масъалаҳои вусъати иҷрои нақшаҳои ҷамъоварии андоз, мақсаднок истифодабарии маблаѓҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба таъини ѓайриқонунии нафақаҳои маъюбӣ ба шаҳрвандон, сарфаву сариштакорона истифодабарии нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи барқи истифодашуда дар шаҳр ва роҳандозии ҳамаҷонибаи омодагиҳо ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ матраҳ ва ба масъулин супоришҳои мушаххас ироа карда шуданд.