Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 March 2015

10 марти соли 2015 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба масъалаи тақвияти тадбирҳо ҷиҳати ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа, ки дар радифи масъулини шаҳрдорӣ, роҳбарони Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо ва ширкатҳои роҳсозӣ иштирок доштанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи роҳбарияти Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою кӯпрукҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе»-ро  оид ба оғози корҳои сохтмону азнавсозӣ дар иншоотҳои бо Қарорҳои  марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 4  марти соли 2014 «Дар бораи ғолиби тендер» иҷозатдодашуда:

- «Азнавсозии кӯчаи Зебуниссо (аз кӯчаи М.Мастонгулов то кӯчаи С.Айнӣ)»;

- «Азнавсозии кӯчаи Борбад (аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор)»;

- «Азнавсозии хиёбони Ҷ.Расулов (аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев)»;

- «Азнавсозии кӯчаи Ҳ.Ҳакимзода (аз кӯчаи Гагарин то кӯчаи Карамов)» ҷалб намуда, дастур фармуд, ки қабл аз оғози муттасили корҳои нақшавӣ бобати дар шаҳр ба танбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ надодан муҳлати иҷрои суръатноки корҳои лоиҳавиро дақиқ намуда, дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳҳои алтернативии ҳаракати воситаҳои нақлиётро муайян ва ҳолати хуби роҳҳои ҳамшафати тавсияшавандаро барои хизматрасонӣ таъмин созад.

Ҳамзамон баҳри мақсаднок роҳандозӣ намудани фаъолияти Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳо дар самти иҷрои меъёрии корҳои таъмири ҷорӣ муқаррар сохт, ки аз ҷониби раисони ноҳияҳо масъалаи таҷдиди сохторӣ ва фаъолияти литсензиявии онҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута баррасӣ карда шавад. 

Дар ҷаласа ташаббуси 10 ширкатҳои роҳсозӣ оид ба тариқи эҳсонкорӣ саҳмгузорӣ намудан дар ободонии роҳҳо дар шаҳр ҷонибдорӣ гардида, инчунин дар партави он ба масъулин супориш дода шуд, ки барои пай дар пай бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ, сафарбарсозии зарфиятҳои институтҳои шаҳрвандӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, аҳли ҷамоатчигӣ ба ифоқа овардани ҳолати роҳҳои дохилимаҳаллагузар бо инобати мусоид шудани боду ҳаво тадбирҳои муассир андешанд.