Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 March 2015

Дар бораи  тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣдар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 октябри соли 2014, №690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”

 

Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 октябри соли 2014, №690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, чорабиниҳои Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, пешгирӣ ва барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон,мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 31 октябри соли 2014, №690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад.

2. Муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони мақомоту сохторҳои масъули шаҳрӣ  бобати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои дар банди 1-и Қарор зикршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи Нақшаи мазкур муқаррар гардида, оид ба рафти татбиқи Барнома ҳар нимсола ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Қурбонова Р.А. гузошта шавад.

                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ