Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
11 March 2015

Оид бататбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 791 «Дар бораи Тартиби ташкили системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе»

 

Бо мақсади иҷроиҚарориҲукуматиҶумҳурииТоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 791 «Дар бораи Тартиби ташкили системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии ҶумҳурииТоҷикистонваТартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии ҶумҳурииТоҷикистон» ва беҳдоштимуҳитизист, солимгардонии табиат, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 9Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»

 

Қ А Р О Р     М Е К У Н А М:

1.Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 791 «Дар бораи Тартиби ташкили системаи ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонва Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологии ҶумҳурииТоҷикистон» дар  ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарӣ ва мавриди амал қарор дода шавад.

2.Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба пешбурди Феҳристи объектҳои мониторинги экологӣдар шаҳри Душанбе Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе муқаррар карда шавад.

3. Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои И. Сомонӣ - Қурбонов А.Ҷ., Сино - Сафаров З.А., Фирдавсӣ - Алиев С.А., Шоҳмансур - Бобоев С.Қ., роҳбарони корхонаю идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, новобаста аз тобеият ва шакли моликият, дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе фаъолияткунанда, иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

4.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  инъикоси васеи Қарори мазкурротавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.

5. Назорати  иҷрои Қарори  мазкур ба зиммаи муовини якуми  Раисишаҳри  Душанбе Хайруллоев Н.М.гузошта шавад.

М.УБАЙДУЛЛОЕВ